-2.9 C
Tajikistan
Sunday, March 26, 2023

Нишасти матбуотӣ: «Соли 2022 зиёда аз 1739 гектар ҷангалзор бунёду барқарор карда шуд»

Аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикист соли сипаригардида вобаста ба тағйирёбии иқлим корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, корҳои бунёду барқароркунии ҷангалзор дар майдони 1739,9 гектар иҷро гардиданд. Чунин иброз намуд директори агентӣ Абдуҷаббор Юсуфзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Гуфта шуд, ки агентӣ ба парвариши намудҳои гуногуни дарахту буттаҳои  маҳаллӣ, ки ба шароити ҷумҳурӣ хос буда, дар раванди тағйирёбии иқлим  хеле муҳим мебошанд, диққати ҷиддӣ медиҳад. Бо ин мақсад имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва ниҳолхонаҳои хурди назди хоҷагиҳои ҷангал кӯчату парвариши  ниҳолҳои дарахтони сояафкан, ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда ба роҳ монда шудааст.

«Дар системаи Агентӣ дар самти ба роҳ мондани корҳои ниҳолпарварӣ 5  корхонаи воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ, 1 минтақаи таҷрибавию истеҳсолӣ ва 42  ниҳолхонаи хурди назди Муассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангал фаъолият менамоянд. Дар онҳо парвариши зиёда аз 42 намуди ниҳолҳои дарахту буттаҳо ба миқдори умумии зиёда аз 2 миллиону 283 ҳазор бех ба роҳ монда шудааст. Аз ин миқдор беш як миллиону 290 ҳазор бехи он барои шинонидан тайёр карда шудаанд», -иброз дошт Абдуҷаббор Юсуфзода.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news