-2.9 C
Tajikistan
Sunday, March 26, 2023

Кишоварзони Тоҷикистон соли гузашта бо 1664 адад техникаву таҷҳизот таъмин гардиданд

Яке аз воситаҳои муҳими  пешрафт дар  соҳаи кишоварзӣ  ин таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ   бо техникаву таҷҳизоти  муосир мебошад. Соли 2022 ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 1664 адад техникаву таҷҳизоти  кишоварзӣ ворид гардид,  ки дар муқоиса ба соли 2021, аз ҷумла   155  трактор зиёд аст. Аз ин шумора 775 ададро  тракторҳои гуногунтамға ташкил медиҳанд. Дар ин хусус  30 январ  дар нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.

Таъкид гардид, ки кишту кори муваффақонаи зироати кишоварзӣ аз мавҷуд будани  техника ва  омодагии хуби он  вобастагӣ дошта,  ба ҳолати 1 январи  соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Тоҷикистон  27324  адад  трактор  мавҷуд мебошад. Аз ин теъдод  1534 ададро  тракторҳои шудгоркунанда, 10356 адад испорҳои тракторӣ, 8640 адад  ядакҳои тракторӣ ва дигар таҷҳизоти  кишоварзӣ ташкил медиҳанд, ки  76 фоизи он дар ҳолати омодагӣ ба кор  қарор доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»  соли 2022  ба 343 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 153 адад трактори гуногунтамға ва 411 адад таҷҳизоти  кишоварзӣ бо тариқи иҷораи  молиявӣ (лизингӣ) дастрас карда шуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news