-5.7 C
Tajikistan
Sunday, March 26, 2023

Агентии беҳдошти замин ва обрасонӣ: «Шабакаҳои обрасони Тоҷикистон ба мавсими имсола пурра омодаанд»

Аз 1 апрел то 1 октябри соли 2023 дар ҷумҳурӣ мавсими обрасонӣ оғоз мегардад. Шабакаҳои обрасони мамлакат барои таъмин намудани заминҳои кишоварзӣ бо об ва хизматрасонӣ пурра омода мебошанд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода иброз дошт.

Ба гуфти мавсуф, вазифаҳои асосии Агентӣ дар соли равон аз худ кардани 1547 гектар замини нав, барқарорсозии 480 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, беҳтар намудани ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии заминҳои корами обӣ дар майдони 9527 гектар ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 29 660 метр бо мақсади пешгирӣ аз офатҳои табиии марбут ба об, эмин нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин ва иншооти хоҷагии халқ мебошанд

Гуфта шуд, ки дар айни замон дар ҷумҳурӣ 362 адад ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) фаъолият менамоянд, ки ба 440 ҳазор гектар ё тақрибан 57,5 фоизи заминҳои обёришавандаи ҷумҳурӣ хизмат мерасонанд.

«Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади устувор намудани фаъолияти АИО корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарад»,- гуфт Зафарбек Давлатзода.

Ҳамчунин дар нишаст иброз гардид, ки дар доираи Барномаи давлатии «Беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии 9695 гектар заминҳои обӣ ба нақша гирифта шуда буд. Давоми 4 сол дар доираи барномаи мазкур дар ҷумҳурӣ дар майдони 39 239 гектар ё ин ки 81 фоизи нақша ба маблағи 35714 ҳазор сомонӣ ё ин ки 70 фоизи нақша ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии заминҳо беҳтар карда шудааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news