3.1 C
Tajikistan
Friday, September 22, 2023

Дар вилояти Хатлон корҳои ҷустуҷӯӣ–геологӣ тақвият меёбанд

Филиали ширкати «Корпоратсияи миллии нафту гази Чин»  (CNPC) тасмим гирифтааст, ки  дар майдонҳои нафту гази  вилояти Хатлон корҳои ҷустуҷӯӣ–геологиро  анҷом диҳад.

Ин масъала 26 январ зимни вохӯрии  роҳбарияти  вилояти Хатлон бо намояндаи  филиали ширкати CNPC Central Asia B.V дар Тоҷикистон баррасӣ  гардид.

Дар мулоқоти мазкур оид ба  масъалаҳои амалишавии Созишнома оид ба тақсимоти маҳсулот вобаста ба корҳои ҷустуҷӯӣ–геологӣ дар майдонҳои нафту газ дар вилояти Хатлон  мубодилаи  афкор сурат гирифт .

Намояндаи  филиали ширкати CNPC Central Asia B.V дар Тоҷикистон иброз дошт, ки дар ҳолати хуб ба анҷом расидани корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ ба рушди соҳаи нафту гази Тоҷикистон  такони ҷиддӣ бахшида мешавад.

Дар вохўрӣ ҳамчунин доир ба  имкониятҳои сармоягузорӣ, заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият,   густариши ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодӣ ва ҷалби ширкатҳои чинӣ баҳри расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноаткунонии  босуръати мамлакат изҳори назар карда шуд.

Манбаъ: шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор...

«MADE IN TAJIKISTAN». Дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food» хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд

 Шаш бренди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food», ки 19-22 сентябр дар шаҳри Москва баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Ин ҳайат...

Сатҳи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

19 сентябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд, ки он дар...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ бояд тақвият ёбанд»

Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ...

Related news