-2.9 C
Tajikistan
Sunday, March 26, 2023

Соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ созишнома ба имзо расониданд

Бо мақсади содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон байни ҶДММ «Зардолу ва К» ва ҶДММ  «Скиф Трейд», ҶДММ «Меваю сабзавот» ва ҶДММ «Lion Fruit», ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон» ва ҶДММ «Umay Agro Impex», ҶДММ «Агробиёхим» ва ҶДММ  «Скиф Трейд» шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Созишномаҳо дар доираи сафари соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистон ба вилояти Суғд ба имзо расонида шуданд.

Ҳамзамон дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд мулоқоти соҳибкорон ва кишоварзони вилоят бо соҳибкорони Қазоқистон доир гардид.

Дар мулоқот имконоти сармоягузорӣ, маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли вилояти Суғд ва ҳаҷми содироти он ба меҳмонон муаррифӣ карда шуд.

Иброз гардид, ки маҳсулоти тару тозаи Тоҷикистон дар Қазоқистон серхаридор аст ва доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар метавонанд барои содироти маҳсулоти полезӣ ва меваи хушку тар ҳамкорӣ ба роҳ монанд.

Дар ҷараёни вохӯриҳо аз ҷониби доираҳои тиҷоратии ду кишвар имконоти тиҷорати мутақобила, ташкили содироти маҳсулоти дорои талабот дар бозорҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ карда шуданд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд/АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news