24 январ дар шаҳри Тошканд вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гардид.
Зимни суҳбат маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ карда шуд.
Вазирон ҳамчунин доир ба ҷадвали мулоқотҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ ва баланд табодули афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 24 январ дар пойтахти Узбекистон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид. Дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.
Манбаъ: ВКХ ҶТ /АМИТ «Ховар»