Литсейи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои хонандагони болаёқат ба фаъолият оғоз менамояд. Бо ин мақсад гурӯҳи кории санҷишӣ вобаста ба иқтидори илмии кафедраҳо таъсис шуда, ҳамзамон танзими назорати электронии раванди ҳозиршавӣ ба ҷойи кор, таҳияи лоиҳаи санадҳои зарурӣ ҷиҳати фаъолияти литсейи наздидонишгоҳӣ ба роҳ монда шудааст.
Ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода аз устодону омӯзгорон ва масъулин даъват ба амал овард, ки ҳангоми адои вазифа дар литсейи нав тамоми дониши худро истифода намуда, барои татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Тоҷикистон ва рушди соҳаи маориф, ки яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятноки пешрафти миллату давлат мебошад, камар банданд.
Ҳамзамон ба омӯзгорон дастур дода шуд, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат саҳми назаррас гузоранд.
Манбаъ: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ/АМИТ «Ховар»