-2.2 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

«МИНИАТЮРАИ ТОҶИК: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДО». Душанбе мизбони ҳамоиши байналмилалӣ мегардад

«Миниатюраи тоҷик: дирӯз, имрӯз ва фардо»- таҳти чунин унвон 4 феврал дар Душанбе ҳамоиши дуюми байналмилалӣ баргузор карда мешавад, ки ба гиромидошти хотираи санъатшинос, муҳаққиқи бузурги миниатюраи форсу тоҷик, профессор Муқаддама Ашрафӣ ва 30-солагии фаъолияти эҷодии рассом-миниатюрнигори маъруфи тоҷик Олим Камолзода бахшида шудааст. Дар ин бора рассом-миниатюрнигор Олим Камолзода иттилоъ дод.

Дар ҳамоиши байналмилалӣ масъалаҳои муҳими марбут ба рушди миниатюраи тоҷик, таърихи миниатюраи форсу тоҷик, махсусияти он, мактаби миниатюраи тоҷик, саҳми Олим Камолзода дар рушди ин санъат ва дурнамои он мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Баргузории ҳамоиши мазкур ба таҳкими ҳамкории судманд бо шарикон ва ба ин восита тарғиби миниатюраи тоҷик дар хориҷи кишвар мусоидат менамояд. Маводи ҳамоиш дар китоби мусавваре ба ифтихори 30-солагии фаъолияти эҷодии рассом ва миниатюрнигори моҳир Олим Камолзода нашр хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, ки миниатюра – равияи қадимии санъати рассомии форсизабонон буда, мардуми тоҷик ифтихор аз он дорад, ки меросбари ин навъи нодири ҳунар аст. Фарзанди бузурги миллати тоҷик Камолиддин Беҳзод яке аз бузургтарин рассомони миниатюра дар ҷаҳон аст, ки ӯро дар Шарқ бо номи «Монии сонӣ» ва дар Ғарб бо номи «Рафоэли Шарқ» эътироф намудаанд.

Санъати миниатюра соли 2020 ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарии ЮНЕСКО шомил карда шуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news