5.1 C
Tajikistan
Tuesday, May 30, 2023

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия махзани ягонаи маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ташкил мегардад

Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия махзани ягонаи маҳсулоти содиротии ватанӣ ташкил намуда, дархост ва пешниҳоди харидорони хориҷиро оид ба содироти маҳсулот тавассути Портали содиротӣ ба роҳ монад.

Ёдовар мешавем, ки масъалаи мазкур 19 январ зимни мулоқоти Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода бо Раиси Шӯрои нозирони Ассотсиатсияи сармоягузорон ва соҳибкорон оид ба рушди иқтисоди хориҷии «МДК» Марк Руслан ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Ҳомидҷон Назарӣ баррасӣ гардид.

Дар вохӯрӣ инчунин масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкорӣ дар самти таҳияву  татбиқи платформаи рақамӣ барои содироткунандагон, таъсис додани марказҳои логистикӣ ва корхонаҳои муштарак дар самти банду басти маҳсулот, баланд бардоштани сатҳи дониши содироткунандагон  оид ба фаъолияти содиротӣ дар доираи ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба миёни ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.

Ҳамзамон маълумоти муфассал доир ба фаъолияти ширкат манзур гардида, омодагӣ доир ба ҳамкорӣ бо Агентии содирот оид ба таъсиси «Хонаи савдо» дар шаҳри Санкт-Петербург, инчунин таҳия намудани каталоги маҳсулоти содиротие, ки иқтидори содиротии он зиёд мебошад ва ташкили корхонаҳои муштарак оид ба банду басти маҳсулот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор карда шуд.

Манбаъ: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news