-13.3 C
Tajikistan
Wednesday, March 22, 2023

Соли равон миёни Душанбе ва Чимкент хатсайри ҳавоӣ боз мегардад

 Қазоқистон реҷаи «осмони боз»-ро барои 5 сол тамдид кард. Дар он ҷо хатсайрҳои нави байналмилалӣ ба роҳ монда мешаванд. Дар давраи баҳор-тобистони навигатсионӣ аз Остона ба Давҳа, аз Оқтой ва Чимкент ба Анқара, аз Алмаато ва Оқтой ба Мадина, аз Остона ба Боку ва аз Чимкент ба Душанбе парвозҳо роҳандозӣ мешаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии байналмилалии иттилоотии «Казинформ» иттилоъ медиҳад.

Бо мақсади амалӣ намудани супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо ва зиёд намудани шумораи парвозҳои байналмилалӣ Кумитаи авиатсияи граждании Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон реҷаи «осмони боз»-ро то охири соли 2027 тамдид кард, хабар медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба хадамоти матбуоти идора.

Реҷаи мазкур аз байн бардоштани тамоми маҳдудиятро аз рӯи шумори парвозҳо ва додани дараҷаи панҷуми «фазои озод» ба ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар хатсайрҳое, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Қазоқистон кор намекунанд, пешбинӣ мекунад.

Аз Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон хабар доданд, ки имрӯз Қазоқистон парвозҳои байналмилалиро ба 29 кишвари ҷаҳон дар 109 хатсайр барқарор ва боз кардааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло ҳавопаймоҳои Тоҷикистон пайваста ба Россия, Чин, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон ва Узбекистон парвоз мекунанд. Қарор аст парвозҳои мунтазам бо Озарбойҷон, Гурҷистон ва Олмон ба роҳ мона шаванд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурии Нозироти андози ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии...

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси...

Брифинги намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО оид ба конфронси оби СММ доир гардид

 Дар қароргоҳи ЮНЕСКО — ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, воқеъ дар Париж дар доираи вохӯрии...

Related news