Пагоҳ дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон (муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ), новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таътили зимистона ба анҷом расида, дарс оғоз мегардад.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2023 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили даҳрӯзаи зимистона оғоз гардид, аммо бинобар сард шудани ҳаво таътили зимистона то 20 январ тамдид гардид.
Зикр шуд, ки соатҳои дарсии давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар шашмоҳаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешаванд.