5.8 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Муовини раиси Шӯрои байниҳукуматии ИДМ Иван Кузмин бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 24 декабри соли 2022 барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси Шӯрои байниҳукуматии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои тухмипарварӣ Иван Кузмин бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Ба ин муносибат 18 январ дар Сафорати Тоҷикистон дар Россия  маросими тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Сафири ҶТ дар ФР Давлатшоҳ  Гулмаҳмадзода ба Иван Кузмин мукофоти давлатии Тоҷикистонро тақдим намуд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таваҷҷуҳи раҳбарони бахши кишоварзии кишварро ба сифати тухмӣ ҷалб карда буданд.

«Сифати тухмӣ яке аз талаботи асосии агротехникӣ мебошад, ки ҳосили баланд ва устувори зироатро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, омӯзиши маводи тухмӣ аз ҷониби Академияи илмҳои кишоварзии кишвар хеле муҳим аст, зеро ҳосили баланд аз тухмии солим маншаъ мегирад», — таъкид намуданд Пешвои миллат.

Манбаъ: Сафорати Тоҷикистон дар Россия /АМИТ «Ховар»

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news