5.8 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Миёни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд 4 созишномаи грантӣ ба имзо расид

18 январ дар Душанбе миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд 4 созишномаи грантӣ ба имзо расонида шуд.

Созишномаи якуми  маблағгузорӣ ин кумаки техникӣ барои маблағгузории лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад. Ҳадафи лоиҳа- ин таҳияи сохтори маблағгузорӣ ва заминаи тиҷоратии лоиҳаи НБО-и «Роғун», баланд бардоштани устувории экологӣ ва иҷтимоии он, баланд бардоштани шаффофият ва дастгирии татбиқи барномаи манфиатҳои НБО-и «Роғун» мебошад.

Арзиши умумии кумаки техникӣ 11,7 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил дода, ба 15 млн доллари амрикоӣ баробар мебошад.

Созишномаи дуюми маблағгузорӣ ин Лоиҳаи дастгирии сиёсати рушди босубот ва устувори Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи лоиҳа ин дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сиёсати рушди босубот ва устувор тавассути беҳтар намудани шароит барои сармоягузории бахши хусусӣ, баланд бардоштани самаранокӣ, шаффофият ва ҳисоботдиҳии бахши давлатӣ, аз ҷумла корхонаҳои давлатӣ, инчунин таҳкими устувории иҷтимоӣ ва экологӣ ба ҳолатҳои буҳронӣ мебошад.

Арзиши умумии лоиҳа 39 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил дода, ба 50 млн доллари амрикоӣ баробар мебошад.

Созишномаи сеюми маблағгузорӣ ин маблағгузории иловагии лоиҳаи баланд бардоштани устувории кишоварзист. Ҳадафи асосии лоиҳа ин мустаҳкам намудани заминаи бахши устувори соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии дахолати изтирорӣ барои ҳалли мушкилоти ғизо дар Тоҷикистон мебошад.

Арзиши умумии лоиҳа 39 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил дода, ба 50 млн доллари амрикоӣ баробар мебошад.

Созишномаи чорум ин пешниҳод намудани пешпардохт барои омодасозии лоиҳаи сохтмони неругоҳи барқи офтобии хусусӣ дар вилояти Суғд мебошад. Мақсади асосии пешпардохт- ин омодасозии асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа, ҳисобот оид ба таъсири лоиҳа ба муҳити зист ва иҷтимоӣ, хизматрасониҳои машваратии транзаксионӣ ва тахассусоти асосии лоиҳа мебошад.

Дар доираи созишномаи мазкур 1,5 млн доллари амрикоӣ ба сифати пешпардохт пешниҳод гардидааст.

Созишномаҳои грантиро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.

Манбаъ: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news