5.1 C
Tajikistan
Tuesday, May 30, 2023

ДАР ТОҶИКИСТОН БОРИ АВВАЛ ШАШГОНИК БА ДУНЁ ОМАД. Мутаассифона, бинобар таваллуди бармаҳал ва вазни нокифоя кӯдакони навзод натавонистанд зинда бимонанд

11 январ дар Таваллудхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд сокини 26-солаи ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муборак Соҳибова шашгоник таввалуд намуд. Аммо бинобар сабаби бармаҳал таваллуд шуданашон  ду писару чор духтари навзод субҳи 12 январ фавтиданд.

Сардухтури Таваллудхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд Нурӣ Додобоева 12-уми январ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин гуфт: «Шароит ва маводу дору барои кудакон муҳайё буд. Азбаски норасид буданд, мутаассифона, фавтиданд».

ДАР АКС: Сардухтури Таваллудхонаи Хуҷанд Нурӣ Додобоева

Ба гуфтаи сардухтур, тифлони шашгоник шашмоҳа ба дунё омада, вазнашон аз 550 то 700 граммро ташкил медод, ҳол он ки ин рақамҳо, тибқи меъёрҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  бояд ба 2,8-4,0 кг баробар бошанд. Айни замон вазъи саломатии модари ин тифлакони ғӯррамарг хуб аст ва ӯ феълан дар таваллудхона қарор дошта, як муддат зери назорати табибон боқӣ хоҳад монд. Муборак Соҳибова ду фарзанди дигар ҳам доштааст.

ҶАДВАЛИ

вазни кӯдакони навзод тибқи меъёрҳо ва тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ 

Меъёр  Духтарон  Писарон
  Сиину сол  Вазн, кг Қад, см Вазн, кг Қад, см
 Навзод 2,8 – 3,8 48 – 51 3,0 – 4,0 48 – 52
Моҳи 1 3,5 – 4,6 51 – 56 3,6 – 5,0 52 – 57
Моҳи 2 4,3 – 5,5 55 – 59 4,5 – 6,0 55 – 60
Моҳи 3 5,3 – 6,4 58 – 62 5,5 – 6,9 59 – 64
Моҳи 4 5,8 – 7,1 60 – 65 6,1 – 7,7 61 – 66
Моҳи 5 6,2 – 8,0 62 – 67 7,0 – 8,4 65 – 69
Моҳи 6 7,0 – 8,8 64 – 69 7,9 – 8,95 66 – 70
Моҳи 7 7,2 – 9,1 65 – 70 7,8 – 10,05 67 – 72
Моҳи 8 7,2 – 9,4 68 — 72 8,2 – 10,4 69 — 73
Моҳи 9 8,1 – 10,8 68 – 73 8,7 – 11,05 70 – 76
Моҳи10 8,2 – 10,8 69 – 75 9,2 – 11,5 71 – 77
Моҳи11 8,9 – 11,0 71 – 76 9,3 – 11,5 72 — 77
Моҳи 12 9,0 – 11,3 72 — 77 9,4 – 11,9 73 — 79

Омили бармаҳал таваллуд шудани тифлро табибон гуногун рабт медиҳанд. Аз ҷумла, тағйирот дар бачадон, гарданаки бачадон ё платсента (шикастани платсента, пешгузарандаи платсента), машқи ҷисмонии барзиёд,  истемолӣ доруҳо  бе тавсияи тибиб, суст будани мушакҳои бачадон, ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани модар ҳангоми дар батн будани тифл ва  ғайра  сабаб шуда метавонанд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон ин нахустин ҳолати таваллуди шашгоник буд.  Шаби Соли нав, 31 декабри соли 2020, сокини деҳаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Мамадова панҷгоник таваллуд намуда буд.

23 июли соли 2022 дар таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе сокини 10-миллионаи Тоҷикистон таваллуд гардид.

Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинони ноҳияи  Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова волидони ин сокини 10-миллионаи кишвар мебошанд.

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён 15 июли соли 2022 зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 111,5 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 фоиз зиёд мебошад.

Ба гуфти мавсуф, дар давраи ҳисоботӣ 16,3 ҳазор нафар фавтидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз кам аст.

Дар 30 соли охир шумораи аҳолии Тоҷикистон аз 5,5 миллион нафар ба  зиёда аз 10  миллион нафар расидааст, яъне қариб ду баробар  афзудааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news