7.1 C
Tajikistan
Monday, September 25, 2023

Соли 2022 дар вилояти Хатлон 40 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шуд

Дар соли 2022 бо дастгири Ҳукумати мамлакат дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда 760 млн. сомониро ташкил медиҳад. Ин матлаб 10 январ зимни баргузории ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2022, ки бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гардид, баён шуд.

Дар ҷаласа Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз як қатор раисон, муовинон ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор дар бораи сабабҳои ҷой доштани камбудиҳо дар ин шаҳру ноҳияҳо пурсон шуда, оид ба бартараф намудани онҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дод. Мавсуф таъкид намуд, ки масъулин диқати хешро ҷиҳати иҷрои нақша, дурнамо, барномаҳои давлатӣ ва нишондиҳандаҳои соли 2023 равона намуда, ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гарданд.

Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки соли сипаригашта соҳибкорони вилоят дар 16 форуму намоишҳои тиҷоратӣ ширкат варзида, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ 84 шартномаю ёдоштҳои тафоҳумро ба маблағи беш аз 4,3 млрд. сомонӣ ба имзо расониданд.

Дар вилояти Хатлон бо мақсади амалигардонии рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои он «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2021-2025» қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Дар асоси маълумоти оморӣ соли 2022 аз ҳудуди вилоят ба хориҷи кишвар 23,8 ҳазор тонна маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла 20 ҳазор тонна таввасути нақлиёт ва тайёра, 3819 тонна бо тариқи роҳи оҳан ба берун аз ҷумҳурӣ, ба давлатҳои Федератсияи Россия, Афғонистон, Узбекистон, Туркия, Қазоқистон, Покистон ва Белорус содирот карда шуд.

​ Маҳсулотҳои содиротгардида асосан 6044 тонна сабзавот, аз ҷумла 4157 тонна пиёз, 330 тонна полезиҳо, 5038 тонна мевагиҳо ва лимон, 10863 тонна ангур ва 1528,3 тонна дигар маҳсулотро ташкил медиҳад.

АКС: шубаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон / АМИТ «Ховар»

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла...

Намояндаи Тоҷикистон дар Самарқанд бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳо дар ҳамкории байналмилалии геологӣ» сарфароз гардонида шуд

Тавре қаблан хабар додем, 22 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф,...

Дар Ню-Йорк ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир шуд

 21 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи...

Таъкидҳои муҳим аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири таъмини сулҳ, амният, пешрафт...

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чун...

Related news