0.3 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Кӯлоб ва Данғара дар соли 2022 беҳтарин шаҳру ноҳия дар вилояти Хатлон дониста шуданд

Дар вилояти Хатлон ба муносибати 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин, оила, кадбону ва хонаи беҳтарин гузаронида шуданд. Дар натиҷаи ҷамъбаст Кӯлоб ғолиби озмуни вилоятӣ дар номинаи «Шаҳри беҳтарин» ва Данғара дар номинаи «Ноҳияи беҳтарин» дар соли 2022 дониста шуда, бо Диплом ва 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Ғолибони мазкур 10 январ зимни баргузории ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2022 аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар вазияти тантанавӣ супорида шуданд.

Зикр гардид, ки ҳамасола бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ, ободу зебогардонии ҳамаи гӯшаву канори мамлакат ва дар навбати аввал, таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи деҳот озмунҳои шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин, оила, кадбону ва хонаи беҳтарин бобати гиромидошти арзишҳои миллӣ, ташвиқу тарғиб ва дастгири намудани таҷрибаи пешқадам, таҳкими соҳибистиқлолӣ, тарғиб ва ҳавасмандгардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ дар сатҳи вилоят доир гардида, дар ҷамъбасти ҳар сол ғолибони озмуни вилоятӣ қадршиносӣ карда мешаванд.

Дар соли 2022 шумораи умумии иштирокчиёни озмун дар ҳудуди вилоят 2 миллион нафарро ташкил дода, 1570 деҳаю маҳалла, 23 ҷамоати шаҳрак, 132 ҷамоати деҳот, 465 оила, 513 кадбону аз 25 шаҳру ноҳия дар марҳилаи дуюми он ширкат варзиданд.

АКС: шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон / АМИТ «Ховар»

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news