5.8 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Дар Суғд масъулин ҷиҳати рушди босуботи соҳаҳои афзалиятнок муввазаф карда шуданд

Дар назди масъулини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷиҳати рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва воридсозии технологияҳои муосир, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, бунёди корхонаҳои саноати коркард, аз ҷумла истихроҷу коркарди металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда ва дигар вазифаҳои мушаххас барои соли 2023 гузошта шуданд. Дар ин бора 10 январи соли равон зимни ҷаласаи корӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2022 бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода зикр гардид.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш, истихроҷ, коркард кардани сангҳои ороишӣ, содироти он ба хориҷи кишвар, барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда, афзоиши ҳаҷми истихроҷи канданиҳои фоиданок, коркарди маъдан, тақвияти корҳо дар самти бунёду азнавсозии роҳҳои дохиливу байни деҳаҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо, таъмин намудани устувории молияи давлат, афзоиши даромад ва баланд бардоштани самаранокии буҷет, беҳтар гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, мукаммалсозии маъмурикунонии андоз ва дар ин замина бартараф намудани таъсири омили инсонӣ ба раванди андозсупорӣ, зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ, гузоштани заминаи мустаҳкам барои рўёнидани ҳосили баланд дар соли 2023, истифодаи тухмиҳои серҳосил, баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ба роҳ монда шавад.

Инчунин оид ба иқтисоди рақамӣ, идомаи бунёди биноҳои нави таълимӣ, бунёди муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ, баррасии саривақтиву сифатноки муроҷиатҳои шаҳрвандон, дастгирии доимии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва собиқадорон низ супоришҳо дода шуданд.

Аз ҷониби Раиси вилоят изҳори боварӣ карда шуд, ки фаъолон неруву талоши худро ҷиҳати бо дастовардҳои боз ҳам назаррас истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сафарбар менамоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд / АМИТ «Ховар»

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news