5.1 C
Tajikistan
Tuesday, May 30, 2023

Сомонаҳои хориҷӣ дастовардҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистонро инъикос мекунанд

13 адад мусаввараҳое, ки дар онҳо манзараҳои ҷолиби Тоҷикистон тасвир ёфтаанд, дар портали Осорхонаи маҷозии Россия ба намоиш гузошта шуданд. Мусаввараҳо аз 7 рассоми машҳури Тоҷикистон ба монанди М. Абдураҳмонов, З. Ҳабибуллоев, Д. Илябаев, А. Пономарев, А. Ҳайдаров, И. Лисиков ва Н. Никитин Н. мебошанд.

Таъкид гардид, ки дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд миёни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи Россия аввалин бор 13 адад мусаввараи ҷониби Тоҷикистон дар ин портал ҷой дода шудааст.

Ҳамчунин дар намоиши мазкур шакли электронии асарҳои «Модар», «Портрети комсомол», «Фотеҳон», «Сохтмончиёни Норак», «Декрети замин», «Пионерҳои ҷавон», «Пахтакорон», «Дуои Модар», «Портрети Муаллими хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон М. Маҳмудова», «Чорабинии варзишӣ дар рӯзи эълон карда шудани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 15 марти соли 1925» ва дигар мусаввараҳо пешниҳоди тамошобинон гардидаанд.

Фариддун Кенҷаев иброз намуд, ки яке аз дастоварди дигари мутахассисони шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ин кашфи маҷмааи бостонии Хоҷа Муфарраҷ мебошад, ки дар бораи он нашрияи электронии илмии Ҷумҳурии Фаронса мавод таҳти унвони «Нашриёти Бомиён» бо забони олмонӣ ба нашр расонидааст, ки хонанда бо ворид шудан ба ин саҳифа https://we.tl/t-pFc4FQBWKW имкон пайдо мекунад, ки шакли пурраи онро мутолиа намояд.

Дар Фаронса бо забони олмонӣ интишор гардидани маводи илмӣ оид ба ин бозёфт имкон медиҳад, то аҳли илм ва муҳаққиқони қитъаи Аврупо ва дар умум ҷаҳони ғарб аз саҳифаҳои то ба ҳол таҳқиқнашудаи ҳудуди имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқиф гарданд.

Бозёфти мазкур маҷмааи бостонии Хоҷа Муфарраҷ буда, дар болооби дарёи Хонақоҳи Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор ҷойгир мебошад. Ёдгории мазкур аз ҷониби кормандони илмии Осорхонаи миллӣ кашф ва ба қайд гирифта шудааст.

Ин кашфиёт дастоварди нодири илми бостоншиносии миллӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аҳамияти муҳими таърихию фарҳангӣ дар минтақа ва ҷаҳон дорад.

Мавриди зикр аст, ки ёдгории бостонии Хоҷа Муфарраҷ дорои хусусияти нодири бостонӣ, эпиграфӣ, фарҳангшиносӣ ва мардумшиносӣ буда, аз ҷузъҳои бостонӣ — тасвирҳои рӯисангӣ; меъморӣ — қалъа ва манора; эпиграфӣ — хатҳои давраҳои гуногуни таърихӣ: ҳинду ориёӣ, юнонӣ ва арабӣ, инчунин мардумшиносӣ — қабрҳои давраи аввали исломӣ иборат мебошад.

Манбаъ: Осорхонаи миллии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news