-2.2 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

FAO: Нархи ҷаҳонии озуқаворӣ соли гузашта 14,3 фоиз боло рафт

Бар асари боло рафтани арзиши неруи барқ ва нуриҳои минералӣ соли 2022 нархи озуқаворӣ дар ҷаҳон нисбат ба як соли пеш 14,3 фоиз боло рафт. Дар ин бора рӯзи ҷумъа Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзиии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа».

Субиндексҳои FAO нишон медиҳанд, ки соли 2022 нархи ғалла нисбат ба соли 2021 17,9 фоиз, равғани растанӣ 13,9 фоиз, маҳсулоти ширӣ 19,6 фоиз, гӯшт 10,4 фоиз ва шакар 4,7 фоиз афзудааст.

Моҳи декабри соли 2022 индекси нархи озуқавории FAO нисбат ба моҳи ноябр 1,9 дарсад коҳиш ёфт. Пастшавӣ нуҳ моҳ пай дар пай давом дорад, аммо индекс моҳҳои аввали соли 2022 якбора боло рафт, ки то охири сол аз ҳисоби миёнаи соли 2021 хеле болотар гардид.

Коҳиши моҳи декабр асосан аз он вобаста буд, ки бозорҳо ба номунтазамӣ дар тақсимот, хароҷоти баланди нархи нақлиёт ва кам шудани талабот аз сабаби суст шудани рушди иқтисоди ҷаҳонӣ мутобиқ шуданд.

FAO борҳо ҳушдор дод, ки болоравии нархи маҳсулоти хӯрока ба амнияти озуқавории ҷаҳонӣ, махсусан дар кишварҳои камбизоат таҳдид менамояд.

Манбаъ: akket.com /АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news