7.1 C
Tajikistan
Monday, September 25, 2023

Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон дар соли 2023 даврҳои омӯзишии ройгон ба роҳ мемонад

Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон дар соли 2023 даврҳои омӯзишии рассомӣ, забони англисӣ, хореографӣ, сурудхонии суннатию эстрадӣ ва навозандагиро барои наврасони аз 5 то 18-сола ройгон роҳандозӣ менамояд.

«Инчунин соли равон озмуни расмкашӣ доир менамоем, ки барои беҳтарин расми тасвиршуда ҷойҳои ифтихорӣ ва туҳфаҳо муайян гардидаанд», — гуфт И. Абдураҳмонзода.

Мавсуф иброз намуд, ки дар филармония чор сол боз кӯдакону наврасон барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман»  дар соҳаи санъати навозандагӣ, овозхонӣ ва композиторӣ ройгон омода мешаванд ва шогирдони ин даргоҳ ҷойҳои намоёнро соҳиб мегарданд.

Бояд гуфт, ки имрӯз филармония ба маркази бузурги фарҳангии кӯдакону наврасон табдил гардида, барои сайқал додани ҳунари наврасони соҳибистеъдод тамоми тадбирҳо андешида мешаванд.

Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон 17 августи соли 2017 дар заминаи Муассисаи давлатии «Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ-Маркази ҷумҳуриявии эстетикии кӯдакон ва ҷавонон» таъсис ёфта, минбаъд барои рушду ташаккули гурӯҳҳои эҷодии бачагона, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, тарбияи ҳисси зебоиписандӣ, ташкили маҳфилу барномаҳои фарҳангию ҳунарӣ шароити васеъ ва мусоид фароҳам овард.

Идрис Абдураҳмонзода  зикр дошт, ки ҳадаф аз ташкили Филармонияи бачагона- ин омодасозии кадрҳои эҷодӣ барои фаъолияти касбӣ дар соҳаи фарҳангу санъат,  таблиғу ташвиқи мусиқии касбӣ ва анъанавии халқи тоҷик, рақси миллӣ, балет, дастгирии санъати навозандагӣ, овозхонӣ, рассомӣ, хореографӣ ва композиторӣ, дарёфти наврасон ва ҷавонони соҳибистеъдод, омода намудани навозандагони ҷавону раққосон ба озмуну фестивалҳои байналмилалӣ, инкишофи ҳамаи намудҳои фаъолияти эҷодии касбӣ ва баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир барои соҳаи фарҳанг ва санъат, ба роҳ мондани низоми дастгирии эҷодиёти кӯдакону наврасон, таҳсили бадеӣ-эстетикии онҳо ва татбиқи имконияти эҷодии хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, имрӯз ба Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон устодони соҳибтаҷрибае ҷалб гардидаанд, ки ба наврасон нозукиҳои санъатро меомӯзонанд. Дар айни замон зиёда аз 32 нафар наврасон барои омӯзиш ба даврҳои гуногун фаро гирифта шудаанд.

«Теъдоди донишомӯзони ин даргоҳ рӯз то рӯз меафзояд. Филармония махсус барои наврасону кӯдакон ташкил гардидааст, аз ин рӯ зимни ҷобаҷогузории дарсҳо ва тамринҳо вақти холии онҳо ба назар гирифта мешавад»,- гуфт мавсуф.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла...

Намояндаи Тоҷикистон дар Самарқанд бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳо дар ҳамкории байналмилалии геологӣ» сарфароз гардонида шуд

Тавре қаблан хабар додем, 22 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф,...

Дар Ню-Йорк ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир шуд

 21 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи...

Таъкидҳои муҳим аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири таъмини сулҳ, амният, пешрафт...

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чун...

Related news