0.3 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Соли 2023 хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон таҳсил мекунанд

Соли 2023 хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар зинаи магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон таҳсил мекунанд. Гуфта шуд, ки соли равон аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Ҷопон амалӣ мегардад, ки имсол ду бонки давлатӣ- БДА «Амонатбонк» ва «Саноатсодиротбонк» дар қатори 65 мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо шомили лоиҳа шуданд ва метавонанд кормандонро барои таҳсил ба Ҷопон сафарбар намоянд.

Вобаста ба амалӣ гардидани ин лоиҳа имрӯз миёни масъулон ва шарикон, инчунин кормандони «Саноатсодиротбонк» ҳамоиш доир шуд.

Муовини Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода зимни ҳамоиш иброз намуд, ки ёддоштҳои табодулӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон оид ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ», Созишномаи грантӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ва Қарордод миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкории байналмилалии Ҷопон аз соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, 106 нафар хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои Ҷопон сафарбар гардиданд.

То ба имрӯз 75 нафари онҳо зинаҳои магистратура ва докторантураро дар донишгоҳҳои Ҷопон хатм намуда, 32 нафари онҳо ҳоло таҳсилро идома дода истодаанд.

Манбаъ: Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news