Шурӯъ аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, стипендияҳо, андозаи нафақаҳо то 20 фоиз зиёд карда мешавад. Ин нуктаро имрӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Парлумони кишвар изҳор доштанд.
Ҳамчунин Сарвари давлат супориш доданд, ки шурӯъ аз 1 марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, таъмини рушди иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳиро муайян карда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»