-23.6 C
Tajikistan
Tuesday, January 14, 2025

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки аз 1 июли соли 2023 музди меҳнат ва нафақа зиёд карда шавад

Шурӯъ аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, стипендияҳо, андозаи нафақаҳо то 20 фоиз зиёд карда мешавад. Ин нуктаро имрӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Парлумони кишвар изҳор доштанд.

Ҳамчунин Сарвари давлат супориш доданд, ки шурӯъ аз 1 марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, таъмини рушди иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳиро муайян карда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Latest news

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

7 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол...

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМРИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Давлатзода Наҷмиддин Сайфиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи рушди маҳали...

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОР аз 7 январи соли 2025 №4ш. Душанбе Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи...

Related news