-3.1 C
Tajikistan
Sunday, October 1, 2023

Дар Душанбе ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир шуд

Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум оғоз гардид.

Дар кори ҷаласа Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода, муовини Сарвазири мамлакат, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералӣ, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Раиси Палатаи ҳисоб, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, кормандони масъули дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат доштанд.

Дар оғози кори ҷаласаи якҷоя доир ба тартиби кор, интихоби ҳайати котибот, тасдиқи рӯзнома ва инъикоси ҷараёни он қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласаи якҷояи ҳаштум, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаҳои қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси на­мо­ян­­­дагонро «Дар бораи аз вазифаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сулаймон Зиёзода», «Дар бораи аз вазифаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Муҳаммадюсуф Имомзода», «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Сулаймон Зиёзода», «Дар бораи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Саъдӣ Каримзода» ва «Дар бораи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Раҳим Саидзода» баррасӣ ва қабул намуданд.

Сипас, кори ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум дар «Кохи Сомон» идома ёфта, дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми навбатии худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ суханронӣ намуданд.

Зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт, аз ҷумла рушди босуръати саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, масъалаҳои мубрами таъмини  амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, инчунин пешбурди самарабахши сиёсати хориҷӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар идомаи кори ҷаласаи якҷояи ҳаштум Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ вазифаҳои навбатии мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузори кишварро бобати таҳкиму устувории пояҳои ҳуқуқии ҷомеаи ҳуқуқбунёду адолатпарвар ва фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ барои рушду тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон, ки дар Паёми Президенти мамлакат муайян гардидаанд, баён карданд.

Зикр гардид, ки ҳар узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Паёми Сарвари давлатро ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва роҳнамои кору сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, дар иҷрои босамари дастуру нишондиҳандаҳои дар он зикргардида саҳм гузорад.

Дар фарҷом муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирокдорони ҷаласаи якҷоя, сокинони сарбаланду ватандӯсти мамлакат, инчунин ҳамватанони бурунмарзиро бо фарорасии Соли нави мелодии 2023 сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар сокини кишвар зиндагии пурнишот, ризқи фаровон, саломативу иқболи нек ва ба Тоҷикистон суботу оромӣ, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва пешрафти рӯзафзун таманно намуданд.

Бо ҳамин ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум ба кори худ анҷом бахшид.

Манбаъ: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»

Latest news

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон анҷом ёфт

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Федеративии...

Фонди рушди Қатар омодагии худро ҷиҳати маблағгузории лоҳаҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикисстон баён намуд

 29 сентябр дар ҳошияи ҷаласаи  чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории тиҷоратӣ,  иқтисодӣ ва илмию техникӣ Вазири рушди иқтисод...

Дар Тоҷикистон барои тавсеаи заминаи содирот ва афзоиши муомилоти молу маҳсулот дар бахши агросаноатӣ имконияти бузург мавҷуд мебошад

 Дар Тоҷикистон барои тавсеаи заминаи содирот ва афзоиши муомилоти молу маҳсулот дар бахши агросаноатӣ имконияти бузург мавҷуд мебошад. Ин нуктаро 29 сентбяр...

Ширкати энергетикии «Небрас»-и Қатар барои сармоягузорӣ ба сохтмони НБО-и «Шӯроб» изҳори омодагӣ намуд

29 сентябр дар Давҳа Вазири  рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори иҷроияи ширкати энергетикии «Небрас» Халид Муҳаммад Ҷоло...

Related news