0.3 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб

14 декабр ҳамчунин мулоқоту музокироти сатҳи баланди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бо иштироки ҳайатҳои васеи расмӣ идома ёфт.

Дар оғози музокирот эътимоди сиёсии дуҷониба заминаи устувори муносибатҳои шарикӣ ва асоси рушди тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон маънидод гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки тақвияти минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанба байни Тоҷикистону Покистон дар баробари ҷавобгӯи манфиатҳои ду давлат будан, ҳамчунин омили муҳими ҳифзи суботу амният ва рушди минтақа низ ба ҳисоб меравад.

Дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор доштани муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва нақлиёту энергетика таъкид гардида, дар ин замина барои рушду таҳкими бештари муносибатҳо дар ин самтҳо баргузории ҷаласаҳои пайвастаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ зарур шуморида шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин муҳимияти таҳкимбахшии фаъолияти гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ ва энергетика, Шӯрои муштараки соҳибкорон ва Форуми соҳибкориро таъкид намуда, таъсиси Шӯрои муштараки ширкатҳои боркашониро байни ду давлат ба мақсад мувофиқ шумориданд.

Ҳамзамон дар мулоқот ба густариши робитаҳои Тоҷикистон бо Покистон дар соҳаҳои сармоягузорӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷу коркарди маъдан, кишоварзӣ ва саноати доруворӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, бунёди корхонаҳои истеҳсолии муштарак, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии коркарди нахи пахта, пашму пӯст, сангҳои мармару хоро, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи доруворӣ дар Тоҷикистон, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ва технологияҳои муосири Покистон ба бахшҳои гуногуни истеҳсолоти Тоҷикистон таъкид карда шуд.

Ба масаъалаи рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи нақлиёт дахл намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф баромадан ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ тавассути роҳҳо ва бандарҳои баҳрии Покистон, татбиқи лоиҳаҳои нақлиётии пайвастшавии Тоҷикистон ва Покистон, инчунин бунёди долонҳои нави минтақавиро ҷиҳати баромадан ба бандарҳои баҳрӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар бахши ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи энергетика, таваҷчуҳи асосӣ ба татбиқи саривақтии лоиҳаи CASA-1000 ҳамчун пайвандгари воқеии бозорҳои энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ зоҳир карда шуд.,

Аз шиддат гирифтани низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни олам, афзоиши хатарҳои терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи силоҳ, маводди мухаддир, киберҷиноятҳо ва ҷиноятҳои муташаккили фаромаромилӣ, мушкилоти экологӣ, хусусан тағйирёбии иқлиму афзоиши офатҳои табиӣ ва зуҳуроти бемориҳои басо хатарноки сироятӣ дар минтақа ва ҷаҳон изҳори нигаронӣ намуда, ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориро дар ҷодаи муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир таъкид намуданд. Дар мулоқот атрофи қазияи Афғонистон ва таҳкими бештари шарикии Тоҷикистону Покистон дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар ниҳодҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор карда шуд.

Ҷониби Тоҷикистон ба ҷониби Покистон барои дастгирӣ аз ташаббуси Тоҷикистон оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025-ум ва ҷониби Покистон ба ҷониби Тоҷикистон барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба зарардидагони минтақаҳои гуногуни ин давлат аз обхезиҳои шадид дар соли равон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, масоили рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, тандурустӣ, илм, техникаву технология ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ин соҳаҳо баррасӣ гардида, дар ин замина густариши тамосҳои доимии зиёиён, олимон, эҷодкорон ва аҳли ҳунар барои тақвияти дӯстии таърихӣ ва боз ҳам ғанӣ гардонидани муштаракоти фарҳангиву тамаддунии мардумони ду давлат, ташкили конфронсу мизҳои мудаввари илмӣ ва баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар кишварҳои ҳамдигар таъкид карда шуд.

Дар анҷоми мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оваранд.

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news