5.8 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ба дурнамои макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд

 Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ нақша дорад таваҷҷуҳи худро ба дурнамои макроиқтисодӣ дар соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар намуда, ба баланд бардоштани устувории он равона созад. Ин нукта зимни мулоқоти Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо гурӯҳи кории Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ таҳти роҳбарии Калин Тинчев ва аъзои гурӯҳ иброз гардид.

Зимни мулоқот Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо аъзои гурӯҳи кории Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ оид ба рушд додани ҳамкории мутақобилан судманд суҳбат намуд.

Сироҷиддин Икромӣ оид ба фаъолияти молиявии бонк дар 11 моҳи соли 2022 маълумот пешниҳод кард. Роҳбарияти «Амонатбонк» нисбат ба Дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати бонк маълумот дода, намояндагони Корпоратсияи байналмилалии молиявиро бовар кунонданд, ки новобаста аз вазъи геосиёсии дунё таъсири манфии он ба рушди иқтисодии кишварҳои минтақа, муносибатҳои байналмилалии бонк бо шарикони рушд ва таъсири манфии ҳодисаҳои мазкур, ҳолати молиявии БДА ҶТ «Амонатбонк» муътадил нигоҳ дода шудааст.

Намояндагони гурӯҳи кории Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ иттилоъ доданд, ки ҳамкории судманди дуҷониба бо БДА ҶТ «Амонатбонк» ҳамчун бонки низомсози кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, имрӯз заминае вуҷуд дорад, ки солҳои минбаъда он боз ҳам тақвият бахшида шавад.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо оид ба масоили густариши ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф ва пешгирӣ намудани таъсири хавфҳои эҳтимолии берунӣ таваҷҷуҳ намуда, омодагии хешро бобати густариш додани ҳамкорӣ иброз намуданд.

Ёдовар мешавем, ки сафари ҳайати баландпояи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ таҳти раёсати роҳбари миссия Мэтю Гертнер ҷиҳати баргузор намудани мулоқот бо роҳбарони якчанд вазорату идораҳои блоки иқтисодии ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон то 16 декабр идома меёбад.

Манбаъ: БДА ҶТ «Амонатбонк»/АМИТ «Ховар»

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news