5.1 C
Tajikistan
Tuesday, May 30, 2023

Дастгирӣ ёфтани ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ

14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи Тоҷикистонро таҳти унвони “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”бо иттифоқи оро қабул кард. Боиси ифтихор аст, ки иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳаммуалифии 153 кишварҳои узви СММ пазируфта шуд. Қатънома дар МУСММ қатъномаи бесобиқа ба ҳисоб рафта, ҳам Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалиро эълон менамояд.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳануз моҳи марти 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим муҳтарам Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз обшавии босуръати пиряхо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад ва метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад, таъкид карда буд. Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати пайваста муҳокимаи масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад. Дар ин росто, мӯҳтарам Пешвои Миллат инчунин пешкаш намуда буданд, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Боиси тазаккур аст, ки дар асоси қатъномаи қабул гардида, пешниҳодҳои ироашудаи  Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

– Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– Эълон шудани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

-Дар назди СММ таъсис додани Фонди боэътимоди байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

– Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.

Қатъномаи номбурда аз аҳаммияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи таркибии давраи гидрологӣ гуфта, таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор таъкид мекунад. Инчунин дар қатънома омадааст, ки таъсири гармшавии ҷаҳонӣ боиси қоҳиши густурдаи креосфера шуда, дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкуҳҳо кам шудааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоои об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳр мусоидат карда истодааст.

Теъдоди зиёди ҳаммуалифони қатъномаи болозикр бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳаллу фасли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимоди комил дорад.

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news