4 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

Дар Швейтсария зарфияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ гардид

14 декабр дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария дар ҳошияи «Саммити ҳамкории самаранок барои рушд 2022» мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Котиби давлатии Вазорати банақшагирии рушди Индонезия Тауфик Ханафӣ баргузор гардид, ки зимни он зарфияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва ҷалби сармоя баррасӣ гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни густариши муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули афкор намуда, таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия бобати таҳким ва тавсеаи бештари робитаҳо дар арсаҳои гуногун имконияти фаровон доранд.

Инчунин дар ҷараёни вохӯрӣ аз тарафи муовини вазир зарфияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон манзур гардида, дар ин радиф ба ҷалби бештари сармоя даъват ба амал оварда шуд.

Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро барои рушди ҳамкорӣ дар самтҳои зикргардида иброз намуда, ба мувофиқа омаданд, ки дар фурсати наздиктарин барои муаррифии имконияти кишварҳо дар шакли видеоконфронс вохӯрӣ баргузор намоянд.

Манбаъ: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ/АМИТ «Ховар»

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news