Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид.
Зимни мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Финляндия, инчунин масъалаҳои марбут ба амнияти минтақвӣ ва обу иқлимро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон иҷлоси 29-уми Шӯрои вазирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) доир мегардад, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин иштирок мекунад.
Манбаъ: ВКХ ҶТ/АМИТ «Ховар»