Аз 23 то 30 ноябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон муҳокима гардиданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.
Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон барпо мегардад.