-3.5 C
Tajikistan
Thursday, September 28, 2023

Вакили Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД иштирок намуд

Имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайнудин Сафарзода дар ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АБ СААД) оид ба масоили сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия дар реҷаи фосилавӣ баргузор гардид, ширкат варзид.

Дар рӯзномаи ҷаласа «Лоиҳаи изҳороти АБ СААД дар бораи номатлуб будани таҳияи силоҳи биологӣ (бактериологӣ) ва токсинӣ», инчунин дигар масоили гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокчиёни ҷаласа изҳор намуданд, ки ҳамкории комиссияҳои доимии АБ СААД дар шаклҳои гуногуни муносиботи дуҷониба ва бисёрҷониба амалӣ карда мешаванд.

Таъкид карда шуд, ки маҳз фаъолияти дастҷамъона ва мубодилаи таҷриба дар ин самт воситаи ягонаи таъмини амнияту оромӣ дар минтақа хоҳад буд.

Дар ҷаласа ҳамзамон намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург Бахтовар Сафарзода иштирок намуд.

Манбаъ: МН МО ҶТ/АМИТ «Ховар»

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Олмон рафтанд

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ...

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар Қатар иштирок намуд

 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар Конференсияи 12-уми байналмилалии «Ба сӯи навсозии амали фарҳангӣ дар ҷаҳони Ислом», ки 25-26 сентябр дар шаҳри...

Ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ тақвият меёбад

 Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов бо роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ Макс Георг...

Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба навкунии низоми омор дар Латвия иштирок дорад

26 сентябр дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия ҳамоиши сатҳи баланд барои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ҳамсояи шарқии Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар...

Related news