-24.4 C
Tajikistan
Thursday, February 13, 2025

Дар Брюссел мулоқоти ҳайати Иттиҳоди Аврупо бо cафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд

Ҳафтаи гузашта дар Брюссел мулоқоти ҳайати Иттиҳоди Аврупо бо сарварии Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти берунӣ Стефано Саннино бо cафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он Сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Эркинхон Раҳматуллозода иштирок намуд.

Ҷонибҳо натиҷаҳои сафарҳои Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел, Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо дар умури сиёсати хориҷӣ ва амният, Ноиб-Президенти Комиссияи Аврупо Жозеп Боррелро ба минтақа, инчунин бозёфту бардоштҳои иҷлосияи навбатии вазирони хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИА, Конфронси ба наздикӣ дар Самарқанд баргузоргардидаи иттисолу ҳамбастагиро баррасӣ намуда, роҳу василаҳои татбиқи тасмимоти гирифтаро дар маркази таваҷҷуҳи хеш қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки 18 ноябр дар шаҳри Самарқанд нахустин Конфронси ҳамбастагӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: «Дарвозаҳои глобалӣ» барои рушди устувор баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.

Дар нишасти мазкур масоили марбут ба ҳамбастагии устувор, фароҳам овардани имконият барои тавсеа ва рушди робитаҳои байниминтақавӣ дар самтҳои рақамикунонӣ, таҳкими масирҳои нақлиётӣ, обу энергетика ва ҳифзи муҳити зист муҳокима гардид.

Зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дидгоҳи кишварро бобати рушди ҳамкории бисёрҷониба ва рушди устувор дар ҳошияи ин абзор баён намуд.

Манбаъ: ВКХ ҶТ/АМИТ «Ховар»

Latest news

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМРИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025...

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи сиёсати иқтисодию иҷтимоии...

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзииҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавиихизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои...

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶумҳурииТоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайнтаъин намудани Каримӣ А.М.

Related news