5.8 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Соҳаҳои иқтисод ва иҷтимоиёти Тоҷикистон барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон омодагӣ мебинанд

Шаҳру ноҳияҳои кишвар ба давраи  зимистон омодагӣ мебинанд. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода баргузор гардид, ки дар он омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он ба давраи зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ — аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва намояндагони соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок намудаанд.

Бо мақсади иҷрои нақшаи мазкур дар тамоми сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарорҳои дахлдори дохилӣ ба тасвиб расида, ситодҳои фаврӣ таъсис ва нақшаи чорабиниҳои дахлдор тасдиқ карда шудаанд.

Ҳамзамон бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии ҷараёни иҷрои қарори мазкур тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе сафари корӣ анҷом дода шуд. Зимни он ҷараёни иҷрои қарори болозикр ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, аз ҷумла дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсатҳои матлубот, шабакаҳои барқӣ ва ғайра мавриди омӯзиш қарор дода дода, гузоришҳои дахлдор ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардиданд.

Дар ҷаласа аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он ҳисобот манзур гардида, дар ҷараёни ҷаласа муовини Сарвазир оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар шаҳру ноҳияҳои вилояти мазкур вобаста ба маблағгузорӣ барои хариди маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш ибрози назар намуд.

Ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захираи маводи зарурӣ ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 супоришҳои қатъӣ дода шуданд.

Манбаъ: Вазорати рушди иқтисод ва савдои/АМИТ «Ховар»

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news