4 C
Tajikistan
Tuesday, October 3, 2023

Вазорати нақлиёт ва «China Railway Wuju (Group) барои сохтмони чор қитъаи роҳи мошингард дар шимоли Тоҷикистон қарордод ба имзо расониданд

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ваколатдори Корпоратсияи Чин «China Railway Wuju (Group) Corporation» Чжан Лян барои бунёди чаҳор қитъаи роҳ дар вилояти Суғд бо дарозии умумии 51,2 километр қарордод имзо карданд. Қарордод дар чаҳорчӯби тарҳи марҳилаи чаҳоруми Барномаи беҳтар намудани иртибототи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ба маблағи 56,6 миллион доллар имзо шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазири нақлиёт ба пудратчӣ барои бо сифати баланд ва сари вақт анҷом додани корҳо супоришҳои мушаххас дод. Азим Иброҳим таъкид кард, ки ҳангоми татбиқи лоиҳа пудратчӣ бояд кормандони муҳандисию техникии баландихтисосро ҷалб кунад ва бояд беш аз 80 дарсади коргаронро мутахассисони маҳаллӣ ташкил намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи навсозии қитъаҳои роҳи Куруш-Бекобод дарозии 12,3 километр, роҳи Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров дарозии 22 километр, инчунин таҷдиди қитъаи роҳи Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз тӯли 6,6 км ва «Конибодом — Кучкак» дарозии 10,3 километрро дар бар мегиранд. Дар доираи лоиҳа 11 пули нав бо дарозии умумии 444,2 метр сохта мешаванд.

Манбаъ: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Latest news

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

 2 октябр дар  Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Related news