Аз 15 то 18 ноябр дар шаҳри Челябински Федератсияи Россия Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон таҳти унвони «Воқеияти нав – расонаҳои нав» баргузор гардид. Дар он донишҷӯëн ва магистрантони факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо роҳбарии декани факултет, доктори илмҳои филологӣ, дотсент Абдулмуъмин Қутбиддинов ширкат варзиданд.
Дар форуми мазкур инчунин намояндагони созмонҳои ҷамъиятии ҷавонон, пешвоёни ҷавон, донишҷӯёни фаъоли донишгоҳҳо, намояндагони сохторҳои амалкунандаи сиёсати ҷавонон дар Россия ва Тоҷикистон аз шаҳрҳои Душанбе, Истаравшан, Хуҷанд, Москва, Санкт-Петербург, Саратов, Архангелск ва дигар шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Форум ба таҳкими ҳамкории ҷавонони Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда, дар доираи он 50 нафар кормандони ВАО аз Россия ва Тоҷикистон дар дарсҳои маҳорат, вохӯриҳо ва суханронӣ оид ба масъалаҳои мубрами кор бо захираҳои ВАО иштирок намуданд.
Аз ҷумла, иштирокчиёни форум дар машварати «Маркетинги иҷтимоӣ чист ва ВАО ба он чӣ ниёз дорад» ширкат варзида, миёни ҳам мубодилаи афкор намуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»