-13.1 C
Tajikistan
Thursday, December 8, 2022

«ОЯНДАИ САБЗТАР ВА БЕҲТАР». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии СПЕКА иштирок намуд

16-17 ноябр дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми 17-уми иқтисодии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар мавзӯи «Ояндаи сабзтар ва беҳтар» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода иштирок намуд.

Дар доираи форум масъалаҳо вобаста ба тақвияти ҳамкории минтақавӣ ҷиҳати мусоидат ба ояндаи сабзтар ва беҳтар дар минтақаи СПЕКА, инчунин ҳамоҳангсозии стратегияҳои рушди миллӣ бо ҳадафу нақшаҳои байналмилалӣ, аз қабили Барномаи рушди устувор барои то соли 2030 ва Барномаи амали Вена барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ баррасӣ карда шуданд.

А. Абдураҳмонзода ҳамчун роҳбари Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдо иброз намуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ дар самти иқтисоди сабз дар ҷумҳурӣ якчанд корҳои назаррас амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, «Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» қабул шудааст, ки ҳадафу вазифаҳои пешбинамудаи он, бешубҳа, ба тақвияти ҳамкории соҳа дар минтақа мусоидат менамояд.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати рушди фаъолият дар самти иқтисоди сабз воситаҳои нақлиёти барқӣ аз пардохти боҷи гумрукии воридотӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод гардидаанд. Ин омил вобастагии бозори истеъмолиро аз маҳсулоти сӯзишвории воридотӣ давра ба давра кам намуда, дар татбиқи принсипҳои иқтисоди сабз саҳм мегузорад.

Дар охири форум ҷиҳати тақвияти ҳамкории минбаъда миёни кишварҳои аъзои СПЕКА дар самти иқтисоди сабз «Эъломияи Алмаато» қабул гардид.

Манбаъ: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ/АМИТ «Ховар»

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news