-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум созишномаҳо ба тасвиб расиданд

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он вакилон Созишнома оид ба масъалаҳои тобеияти ҳуқуқӣ ва расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба парвандаҳои марбут ба будубоши муваққатии ҷузъу томҳои қувва ва воситаҳои низоми амнияти дастҷамъӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро ба тасвиб расониданд.

Зимни баррасии созишномаи мазкур таъкид карда шуд, ки он аз дебоча ва 22 модда иборат буда, бо мақсади зарурати ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои тобеияти ҳуқуқӣ ба парвандаҳои марбут ба будубоши муваққатии ҷузъу томҳои қувва ва воситаҳои низоми амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои ҳамин  Созмон имзо гардидааст.

Дар моддаҳои  1-6 мафҳумҳои асосии истифодашаванда ва мақсади Созишномаи мазкур, мақомоти ваколатдори Тарафҳо ва ҳамкории онҳо, истифодаи забон дар муносибати мақомоти ваколатдори Тарафҳо, инчунин тобеияти ҳуқуқӣ ва таъқиби ҷиноятии шахсон мутобиқи қонунгузории миллии Тарафҳо муайян гардидаанд.

Дар иҷлосия ҳамчунин Созишнома оид ба таъминоти муштараки моддиву техникӣ ва тиббии Қӯшунҳои (Қувваҳои дастҷамъонаи) Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба фаъолияти сулҳоваронаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ аз 6 октябри соли 2007,  Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон,  Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба мубодила ва ҳифзи мутақобилаи иттилооти махфӣ ба тасвиб расида, аз рӯи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Сафарзода, вакилони мардумӣ Толибхон Азимзода, Ҳаёт Одинаев, Ҳуснигул Одиназода,  Абдуҳалим Ғаффорзода,  Рустам Латифзода, Саодатшо Матробиён,  Комрон Исмоилиён ва Рустам Раҳматзода шарҳ доданд.

Манбаъ: МН МО ҶТ/АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news