-9.3 C
Tajikistan
Sunday, December 4, 2022

ҲОМИИ БУЗУРГИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад

«Ҳарчанд ки сию як сол дар кори давлатдорӣ муддати тӯлонӣ нест, аммо мо метавонем дастовардҳоеро, ки дар ин давраи давлатдории навинамон муяссарамон гардид, бузург арзёбӣ бикунем», — навиштааст Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно САИДВАЛИЗОДА дар мақолаи худ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ.

Онро мавриди таваҷҷуҳи хонандагон қарор медиҳем.

Дар ибтидои ин дастовардҳо, албатта Истиқлоли давлатӣ меистад, ки барои ҳама халқу миллати дунё бузургтарин неъмат эътироф мешавад. Ин падидаи бузурги сиёсиро мардуми кишвари азизамон бо шодию сурури беинтиҳо истиқбол намуд. Зеро хуб дарк мешуд, ки бо муяссар гардидани он мо дари дунёи дигарро ба рӯйи хеш во менамоем ва акнун шароити мусоид фароҳам меояд, ки бо дили гарму нияти нек ва садоқату муҳаббат ба марзу буми аҷдодӣ ормонҳои миллии худро дар амал татбиқ бикунем. Аммо боиси таассуф аст, ки бадхоҳони миллати шарифи мо тавонистанд бо ҷалби як иддаи беҳувият миёни мардуми сарҷамъи мо тафриқа биандозанд ва муттасифона ба мақсади нопоки худ расиданд. Оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга зад ва кишвари сарсабзу ободи моро ба коми худ кашид. Он рӯзҳо ватани ба ҷон баробари мо ба киштие дар рӯёрӯйи тӯфони даҳшатзо мемонд ва то расидани фанояш фурсати андаке боқӣ монда буд. Бо ба миён омадани парокандагӣ, даргир шудани тарафҳо, баланд шудани садои тир қалби пирони рӯзгордида аз оҳу ҳасрат лабрез гашт, нолаву фиғони ҷонсӯзи модарони азиз баланд гардиду ашк рухсораҳояшонро шуст, кӯдакону наврасон ба вартаи яъсу навмедию тарсу ҳарос афтоданд. Акнун дигар на ҳарфи панду насиҳат, балки зӯрию хушунат, адовату душманӣ, якдигарбадбинию кинаюу кудурат коргар буд. Мардуми ба доми тарсу ҳарос афтода барои амон мондани ҷони азизи худ на танҳо тарки макони иқомат, балки сарзамини аҷдодии худ намуданд. Беҳокимиятию бесарусомонӣ ба миён омада буд ва дигар на дӯстро шинохта мешуду на душманро. Ҳастии миллатро, якпорчагии кишварро, истиқлоли ба тозагӣ муяссар гардидаро хатари нестӣ таҳдид мекард. Аҳли хирад тадбир меҷуст, роҳи ҳалли мушкили пешомадаро ҷӯё буд, то тавонад вазъро ба тарафи мусбат тағйир бидиҳаду кишвари азизамонро аз доми оташ берун биёрад. Зеро хуб дарк мекард, ки бетафовутӣ ба ҳолати ҳукмфармову сарнавишти миллату кишвар дар назди таърих, дар назди руҳи гузаштагон, дар назди насли оянда бадномиро подош меорад. Дар ҳамин шабу рӯз Иҷлосияи XVI– уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардид. Макони баргузории он шаҳри Хуҷанд интихоб шуд. Ин ҳикмат дошт, чунки дар марказ вазъ басо муташанниҷ буд ва пӯшида набуд, ки агар Иҷлосия дар ин ҷо баргузор мешуд, силоҳбадастону гурӯҳҳои бадният намегузоштанд намояндагони мардумӣ бо салоҳдиди хеш ба як қарори ниҳоӣ биоянд.

Тақдири ояндаи давлати ба тозагӣ соҳиби истиқлол шудаву худро ба ҷаҳониён мустақил эълон намуда ба Иҷлосияи мавриди назар сахт вобаста буд. Роҷеъ ба масъалаҳои баррасишаванда назару диди намояндагони мардумӣ яксон набуд. Ҳанӯз ҳам ғаразҳои гурӯҳию ҳизбию маҳаллию мазҳабӣ ҷо доштанд. Аммо дар ин миён намояндагоне буданд, ки манфиатҳои миллиро аз ҳама болотар мегузоштанд ва хушбахтона аксариятро ташкил медоданд. Чун масъалаи аз нав интихоб намудани Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад ва намояндаи мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки то ин замон бо ҷасорату масъалагузории саривақтию бепардагӯию суханрониҳои нишонрасаш дар миёни мардум шуҳрат дошт, номзад пешбарӣ шуд, шиддати зиддияти андешаҳо ба якбора коҳиш ёфт. Зеро намояндагони мардумӣ бар ин назар буданд, ки фарди арзанда пешниҳод гардидааст ва хато накарданд. Хуб дар хотир дорем аввалин суханронии Раиси тозаинтихоби Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз минбари Иҷлосия, ки мужда аз Сулҳ доданд. Мо дар симои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши хешро медидем ва эътимоди комил доштем, ки воқеан ҳам бароямон Сулҳро ба армуғон меоранд. Аммо Роҳбари тозаинтихоби тоҷикон агарчи хуб дарк мекарданд, ки ҳолати ба миёномадаро наметавон ба осонӣ тағйир дод, вале дар раъйи хеш чун кӯҳ побарҷо буданд. Дар назди давлату миллаташ эҳсоси масъулият мекарданд ва ба таҳдиду хатарҳо нигоҳ накарда, барои хидмат ба мардуми азизашон, ки бо чашми умед ба ӯ менигаристанд, камари ҳиммат бастанду бо ҳукумати тозатаъйин ба пойтахт омаданд. Зимоми давлатдориро, давлате, ки тамоми сохторҳояш фалаҷ шуда буд, ба дасти хеш гирифтанд. Дар баробари ба роҳ мондани фаъолияти муназзами тамоми сохторҳо, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ ва таъмини амнияти мардуми кишварро аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи хеш қарор доданд. Чун ба тадриҷ шиддати даргириҳо дар дохили кишвар коҳиш ёфт, бо фармони худ аз 2 декабри соли 1994 халъи силоҳ эълон намуданд ва дар муддати на чандон тӯлонӣ иҷрои ин вазифаи дар он шабу рӯз басо муҳим муяссар гардид.

Масъалаи дигаре, ки ҳарчи зудтар бояд роҳандозӣ мешуд, ин ба мардум фаҳмонидани ҳолати ҳукмфармо, фаҳмонидани оқибатҳои ногувори парокандагӣ, ба даст овардани боварию эътимоди мардум буд. Роҳбари давлат дар пиёдасозии ин ҳадафи муҳим бо фиристодани намояндагони худ ба минтақаҳо иктифо наварзиданд, балки таҳдиду хатарҳоро нодида гирифта, худ ба минтақаҳои даргири оташ сафар намуда, рӯ ба рӯ бо мардум суҳбат оростанду онҳоро мутақоид сохтанд, ки агар сарҷамъ нашавем, аз як гиребон сар набарорем, дар атрофи ҳукумат муттаҳид нагардем, наметавонем ватани азизи худро аз вартаи нестӣ наҷот бидиҳем. Маҳз санъати баланди суханварӣ, вазъро хуб дарк карда тавонистан, ояндабину дурандеш будани Роҳбари давлат буд, ки халқи порагашта аз нав ба ҳам омад.

Баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ аз масъалаҳои муҳими дигаре буд, ки бояд фавран ҳалли худро меёфт. Таърих гувоҳ аст, ки то ин ҳам мардум бар асари ҳаводиси таърихӣ иҷборан берун аз Ватани хеш шуданд, аммо барои аз нав баргардонидани онҳо саъю кӯшише сурат нагирифтаст. Аммо Роҳбари давлати тоҷикон ба худ иҷозат намедод, ки нисбат ба тақдири талхи ҳаммиллатони ғариби хеш, ки дар хорию забунӣ умр ба сар мебаранд, бетафовут бошанд. Роҳу васила кофтанд, намояндагони хешро фиристоданд ва билохира ба мақсади наҷиби инсонпарваронаи хеш расиданду ин кори савобро низ бо рӯсурхию шарафмандӣ наҷот доданд. Беш аз як миллион ҳамватанони мо аз дарди гарони ғарибӣ ва фақирию бечорагӣ наҷот ёфтанд. На танҳо ба Ватани хеш баргардонида шуданд, балки ба нодории давлати тозабунёд нигоҳ накарда, барои бозсозию азнавсозии манзилҳои харобгаштаашон ба онҳо ёрӣ дода шуд, ки барои ин умре аз Роҳбари давлати худ сипосгузоранд.

Сари мизи музокирот хондани тарафи дигари даргир дар он айём аз иқдомоти дигари Роҳбари давлатамон буд, ки барои пойдории давлати азизамон нақши басо бориз дошт. Манфиати давлату миллати хешро аз ҳама, ҳатто аз ҷони хеш боло гузошта, ба ҳушдору огоҳию монеаи атрофиён нигоҳ накарда, ба хотири рӯ ба рӯ суҳбат оростан бо роҳбари мухолифин ба Хустдеҳи Афғонистон, ки нооромӣ дар он ҷо ҳукмфармо буду сар задани ҳамагуна ҳодиса аз эҳтимол дур набуд, сафар намуданд. Ин мулоқот барои музокироти миёни тарафҳо, ки наздик ба чаҳор сол идома ёфт, замина гузошт. Гоҳо музокираҳо тезутунд мегузашт ва ҳатто ҳолатҳое буд, ки бенатиҷа анҷом меёфт. Роҳбари давлат ҳамеша ҷониби ҳукуматро ба сабру таҳаммулу шикебоӣ ва гузашт кардан талқин намуда, музокиротро барои миллат сарнавиштсоз арзёбӣ мекарданд. Билохира 27-уми июни соли 1997 Созишномаи Истиқрори сулҳ дар шаҳри Маскав ба имзо расид. Шодию нишоти мардуми азиятдидаамонро интиҳо набуд. Ин рӯйдод баъд аз ба даст овардани соҳиб истиқлолӣ аз бузургтарин дастовардамон дониста мешавад, ки барои пойдории ҳамешагии он корбарии саъю талоши доимии мо зарур ва муҳим аст. Бо муяссар гардидани сулҳу суботу оромишу осудагӣ мардум аз нав ба зиндагӣ дилгарм гардиданд. Маҳз шурӯъ аз ҳамин айём на танҳо зиндагии мо нуру сафои тоза ёфт, балки назару нигоҳи хориҷиёнро низ ба мо ва давлати мо дигаргун сохт. Зеро итминон ҳосил карданд, ки мо мардуми ҷангҷӯ нестем, балки аз таъриху фарҳангу адаби куҳану ғанӣ бархурдорему на танҳо метавон равобиту ҳамкориро ба роҳ монд, балки имкон муҳайёст, ки аз мо омӯхту баҳра бурд. Нахуст суханронии Роҳбари хирадпешаи мо, ки ҳисси баланди миллиаш барои ҳар як тоҷикистонӣ пандомӯзу мояи ифтихор аст, аз минбари СММ ба забони ширини тоҷикӣ на танҳо барои тоҷикзабонони дунё шодиовару масарратбахшу ифтихорзо буд, балки руҳи поки бузургони гузаштаамонро шод намуд.

Дар ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ дар баробари қабул гардидани рамзҳои давлатӣ зарурати дар коркарди нав қабул намудани Конститутсияи кишвар аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба миён омад. Бо қабули он ва мувофиқ ба талаботи он ба тасвиб расидани дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ волоияти қонун дар ҷомеа таъмин гардид. Инро метавон падидаи муҳими дигар дар ҳаёти сиёсии кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ баҳогузорӣ кард.

Бар асари пошхӯрии давлати шӯравӣ ва аз миён рафтани низоми ягонаи таъмини барқ давлати мо ба камбуди қувваи барқ мувоҷеҳ шуд. Роҳбари хирадпешаи мо ҳамеша мардумро дилпур месохтанд, ки ҳолати ба миёномада муваққат аст ва роҳи ҳалли он, албатта пайдо мешавад. Дар ибтидо бунёди неругоҳҳои хурди обӣ, ҳамзамон НБО Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 оғоз ёфтанд. Мушкили мавҷуда то ҷое ҳалли худро ёфт. Аммо ин оғози кор буд. Сарвари давлат ба мардум рӯ оварда, НБО “Роғун”-ро иншооти аср баҳогузорӣ карда, даъват ба миён оварданд, ки ба ҳар сурате бошад, бояд ҳатман сохта ва ба истифода дода шавад, зеро то онро бунёд насозем, аз бунбасти коммуниатсионӣ берун намеоем. Мардум бо дилгармӣ даъвати Пешвои худро иҷобат намуданд. Боз аз сӯйи нотавонбинону бадхоҳони мо сару садоҳо баланд гардиданд. Бунёди иншооти мавриди назарро аз воқеият дур ва ҳатто бар зарари минтақа баҳо доданд. Кишвари бузурге, ки бояд дар сохтмони он мусоидат мекард, даст кашид. Монеаҳои зиёде эҷод намуданд. Аммо Роҳбари боиродаи мо аз раъйи хеш нагаштанд. Роҳи ҳалли масъаларо пайдо намуданд. Коршиносони сатҳи байналмилалиро ҷалб намуда, ба ҳамагон собит сохтанд, ки ҳама сару садо дар мавриди иншооти мазкур баҳонае беш нест. Кор дар ин самт оғоз ёфт ва то имрӯз ду агрегати он ба кор даромад ва агрегатҳои дигари он низ дар ояндаи на чандон дур ба тавлиди барқ шурӯъ хоҳанд кард.

Дар сию як соли соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ фарҳангу маориф низ ба таври бесобиқа рушду густариш ёфт. Ҳазорҳо муассисаҳои таълимии сатҳи гуногун бунёд гардид. Донишкадаву донишгоҳҳову филиалҳои онҳо дар минтақаҳо таъсис дода шуд. Дар аксари марказҳои шаҳру навоҳӣ қасрҳои фарҳанг сохта шуданд. Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳое чун Россия, Чин, Қатар, Эрон, Қазоқистон, Туркманистон, Белорус, Узбекистон, Озарбойҷон ва қароргоҳи Юнеско дар шаҳри Порис баргузор гардида, ҳунари волои овозхонию рақси тоҷик муаррифӣ гардид.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ аз чаҳорчӯби маҳдудияти ҳафтодсола раҳо ёфт. Бо назардошти вазъи ҳукмфармо зарурати аз нав қабл гардидани Қонуни забон ба миён омад. Роҳбари давлат изҳор доштанд, ки забони тоҷикӣ дар ҳимояи давлат қарор дорад. Маҳз бо супориши онҳо корбарӣ дар тамоми муассисаҳо ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуд. Барои рушду густариши он заминаи мусоид фароҳам омада, барои ба низом даровардани корбурди калимоту истилоҳот ва тадриҷан ба забони илм табдил додани сохтори нав — Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҷиҳати густариши ҳарчи бештари забони тоҷикӣ ду дафъа барномаи давлатӣ қабул гардид. Дар ин давра бо мақсади арљгузорї ба таърихамон ҳазорҳо номи маҳалу мавзеъ ба тоҷикӣ номгузорӣ шуданд. Барои гиромидошти хидмати бузурги абармардони миллат солгарди мелоди онҳо бо шукӯҳу шаҳомати вижа таҷлил гардид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ диду нигоҳ ба таърихи гузаштагонамон, суннат расму анаъаноти аз онҳо ба мо меросмонда, дигар гардида, ҷашнҳои миллии мо ба мисли Наврӯз, Сада, Меҳргон ва дар қатори онҳо даҳҳо номгӯйи санъати дастии мо аз сари нав эҳё гардиданд.

Барно САИДВАЛИЗОДА

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, тадриҷан, мушкилоту монеаҳои мавҷуда бартараф гардиданд, таҳкурсии давлати соҳибихтёр қавитар гардид, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ ва ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз ёфта, дар ин самт натиҷаҳои дилхоҳ ба даст омад. Таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноаткунонии босуръати кишвар ба самтҳои асосӣ ва стратегии сиёсати давлатӣ табдил дода шуд.

Ҳама он чи дар мавриди хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, муштест аз хирвор. Ҳамагон бо мо ҳамраъйю ҳамақидаанд, ки дар як муддати кӯтоҳ кишвари ҷангдидаи мо ба кишвари амну амон табдил ёфт, дар қатори кишварҳои рӯ ба рушд қарор гирифт, рӯз то рӯз ободтару зеботар мешавад, сифати зиндагии мо хубтару беҳтар мегардад ва итминон дорем, ки бо арҷгузорӣ ба ин сарҷамъию якдилӣ, ваҳдати миллӣ, муттаҳид будан дар атрофи Роҳбари давлатамон ва садоқату сарсупурдагӣ ба ин хоки муқаддас ояндаи мо боз ҳам хубтару дурахшонтар хоҳад буд.

30-умин солгарди Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент ба кулли ҳамватанони азизамон муборак бод!

Барно САИДВАЛИЗОДА,
сардори Хадамоти иҷрои назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....