-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Саидбурҳон Абдураҳмонзода, Раиси ноҳияи Дарвоз: «Тоҷикистон бо дастовардҳои сазовори Пешвои миллат равонаи ояндаи дурахшон аст»

Тоҷикистон бо кору пайкори Пешвои миллат эҳё гашт ва бо дастовардҳои сазовор равона ба ояндаи дурахшон ба ҷониби ҳазорсолаҳост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назари хешро нахуст ба Бадахшон равон карда буданд. Аз ҷумла, ба ноҳияи Дарвоз, ки як деҳаи кӯчаки назарногир буд ва имрӯз бо дастгирии Пешвои миллат симои маркази ноҳия ба шаҳри нозанин табдил ёфтааст. Чунин ибрози андеша намуд Раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода .

Саидбурҳон Абдураҳмонзода

Мавсуф иброз дошт, ки «ҳамаи ин дастовардҳоро мо, сокинони ноҳияи Дарвоз хуб дарк мекунем. Ба мушкилиҳои иқтисодӣ нигоҳ накарда, Сарвари давлат супориш доданд, ки роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаихум бояд сохта шавад. Зикр карданд, ки «бо зоғнӯл ҳам бошад, онро месозем». Ҷаноби олӣ ба қавлашон вафо карданд, гарчанде дар давраи шӯравӣ он ҷомаи амал напӯшида буд. Зимни ташрифи аввалашон ба Бадахшон гуфта буданд, ки «Бадахшон дарвозаи тиллоии Тоҷикистон хоҳад шуд». Қавлу амалашон як буд ва имрӯз ин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат амалӣ шуда истодаанд».

Раиси ноҳияи Дарвоз иброз дошт, ки шоҳроҳи байналмилалӣ то маркази Дарвоз ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гашт ва марҳилаи нави он- Дарвоз — Ванҷ, сарҳади Рӯшон аллакай оғоз ёфтааст.

Корхонаҳои саноатии ҶДММ «Парки инноватсионии саноатию технологии ноҳияи Дарвоз» дорои 7 коргоҳ буда, бо ба кор андохтани ин корхонаҳо буҷаи ноҳия 13 маротиба афзоиш ёфт.

Барои дастгирӣ ва рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар самти сохтмон ва маориф ба маблағи 422 ҳазору 820 доллар, ҳифзи иҷтимоӣ- 8 ҳазору 80, таҷдиди роҳи автомобилгарди Кўлоб-Қалъаихум- 8 млн 581 ҳазору 500 доллар ҷудо гардид.

Дар даврони Истиқлолият дар ноҳияи Дарвоз 261 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба маблағи 436 856, 3 миллион сомонӣ бунёду навсозӣ шуданд. Танҳо дар даҳ соли охир аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти Ҳукумати Дастгоҳи иҷроияи Президент ба маблағи 41 млн сомонӣ 16 иншоот, аз ҷумла 11 муассисаи таълимӣ таҷдид гардиданд.

Тамоми ин пешравиҳо, корҳои созандагиву ободонӣ самараи интихоби дурусти роҳи минбаъдаи рушди мамлакат аз Иҷлосияи XVI тақдирсози мамлакат сачашма гирифтаанд.

Саидбурҳон Абдураҳмонзода тазаккур дод, ки нақши бузурги таърих ё сарнавишти миллати тоҷик буд, ки пас аз ҳазор сол давлати тоҷик мустақилият ба даст овард. Сарнавишти халқи тоҷик буд, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI таърихӣ ва тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд ва дар он шахсияти таърихӣ, наҷотбахши миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯро интихоб гардида, тақдири давлату Ватан ба хиради азалӣ ва малакаи давлатдории он кас супорида шуд.

Миллати тоҷик, ки дер боз ба чунин шахсият ниёз дошт, ба мурод расид. Акнун боварӣ пайдо кард, ки ӯ метавонад халқу давлатро аз ин тангнои хатарзои таърих берун кашад ва дар ҳақиқат ҳам ҳамин хел шуд. Танҳо Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд бори сангини қисмати халқу Ватанашонро бар дӯш гиранд.

«Имрӯз ҳамагон бояд ба қадри ҷонбозиҳои Сарвари давлат, талошҳои бесобиқа ва беназирашон барои имрӯзу фардои давлатдории миллӣ, ҳифзи миллат, шоиста нигоҳ доштани ҷомеае, ки нишони барҷастаи он Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии таърихист, бирасанд»,-гуфт Саидбурҳон Абдураҳмонзода.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news