-2.2 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Қадру манзалати ин мансаб аз сидқан дӯст доштани ватану миллат ба хотири рушду таҳкими давлат аст

 Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонна ҳамчун мавҷудияти мансаби олии давлатӣ дар давлат, балки пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба шахсияти барҷастаи таърихи навини миллати мост, ки бо меҳнату заҳматҳои шабонарӯзӣ моҳияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии ин мансаби давлатиро ба мо нишон доданд. Ин нуктаро муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Каримзода бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт.

Ба гуфтаи К. Каримзода, қадру манзалати ин мансаб аз сид­қан дӯст доштани ватану давлат, қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳо ба хотири  руш­ду таҳкими давлат ва миллат мебошад, ки  ин амалҳо аз ҷониби Пре­­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо собит гарди­даанд. «Ҳамин аст, ки меҳнати фидокорона, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳув­ияти баланди миллии Президенти мо сабаби ба дараҷаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ­ — Пешвои миллат сарфароз гардидани  ин шахсияти таърихии сат­ҳи ҷаҳонӣ гардиданд. Пешвои миллати мо ин мансаби олии давлатиро ба мактаби дав­латдорӣ, тарбияи насли нави сиёсии давлат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон му­баддал намуданд»,-зикр намуд ӯ.

Карим Каримзода

Бояд иброз намуд, ки мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон рамзи пойдориву бардавомии давлати соҳиб­истиқлоли Тоҷикистон, кафили рушди босубот ва устувории ҷомеаи Тоҷи­кистон, сулҳу ваҳдати саросарии миллӣ, ободии ватану диёр, шукрона аз даврони соҳибистиқлолӣ, тақвият бахшидан ба фаъолияти бузурги созандагиву бунёдкорӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва фар­ҳангии миллати мо мебошад.

Тавре Карим Каримзода изҳор медорад, ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҷараёни минбаъдаи давлату дав­­латсозӣ дурустии роҳи пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии То­ҷикистон, алалхусус саҳми Пешвои миллат ва муносибати халқи киш­варро барои ба лексикони сиёсиву ҳуқуқӣ ворид намудани мансаби Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти идоракунии сама­ранок ва сохтмони давлатӣ, рушди тамоми инс­титутҳои ҷомеаи де­мократӣ, боло рафтани эътибори давлат ва нақшу манзалати инсон ва шаҳрванд баръало собит намуд.

«Нахуст эътимоди халқ ва баъдан  эътимоди дигар қувваҳои сиё­сии мамлакат ба ин институти давлатдорӣ қавӣ гардида, дар мам­лакат фазои ором ва суботи бардавоми сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳанги волои ташкили ҳокимияти давлатӣ ва иштирок дар идоракунии давлат рӯйи кор омад. Халқ зери ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид гардида, давлат зери роҳбарии Президент  барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва давлати иҷтимоӣ, инчунин фаъолияти созандагию бунёдкорӣ имконият ва шароити воқеӣ пайдо намуд»,-афзуд мавсуф.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news