5.8 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

САБАҚИ БЕНАЗИР. Сулҳи тоҷикон ҳамчун таҷрибаи нодир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи нобасомониҳои он замон  нуқта гузошт, гурезаҳоро ба сарзамини худ баргардонид ва ба ин миллат осоиштагӣ ҳадя намуд, ки ҳамаи ин тавассути сиёсати дурусти Сарвари давлати мо амалӣ гардид. Президенти Тоҷикистон намунаи шоистаи аз шаклҳои хушунатомези ҳалли низоъҳои дохилӣ даст кашиданро нишон доданд. Ҳамин аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун сабақи омӯзандаи таърихӣ ва таҷрибаи нодири ҳалли мухолифату низоъҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф гардид.  Чунин иброз медорад Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром ИСМОИЛЗОДА.

Баҳром ИСМОИЛЗОДА

Баҳром Исмоилзода гуфт, ки дар бораи аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии халқи тоҷик ҳамчун марҳалаи нави ташаккули фарҳанги сиёсӣ ҳарф зада, бояд, пеш аз ҳама, нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахусус дар татбиқи он қарорҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар иҷлосияи мазкур қабул гардидаанд, баён дошт.

Аз ҷумла, дар бораи корнамоии ин қаҳрамони миллат собиқ Дабири кулли СММ Кофи Аннан зикр намудааст, ки «Президенти Тоҷикистон намунаи шоистаи аз шаклҳои хушунатомези ҳалли низоъҳои дохилӣ даст кашиданро нишон дод». Ё дар ҷои дигар зикр намудааст, ки «Тоҷикистон барои бисёр кишварҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи эҷоди сулҳ мебошад».

«Маҳз хислатҳои баланди инсонии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, самимияти ӯ, ҳисси баланди ризоият дар назди халқу Ватан, садоқат ба кор, тавоноии ҳамфикрӣ бо рақибони сиёсӣ ба ӯ имкон доданд, ки зуд ба шахсияти маъруф табдил ёфта, аз нуфузу эҳтироми бузург бархурдор гарданд»,-афзуд Баҳром Исмоилзода.

Ба шарофати заҳматҳою талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанги бародаркушӣ, дарбадарии мардуми гуреза қатъ гардида, гурезагон ба макони зисти худ баргаштанд, таҳдиди барҳамхӯрии давлати тоҷикон аз байн рафт. Ғояи сулҳу ваҳдати миллӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат ба миён гузошта шуд, аз ҷониби тамоми халқу миллатҳои муқими ҷумҳурии мо ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт. Таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

«Тавре рӯйдодҳои минбаъдаи таърихӣ нишон доданд, интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат дар ҳифзи давлатдории тоҷикон ва муттаҳидшавии халқи тоҷик нақши муҳим бозид. Дар ин баробар, бунёди давлати нав ба арзишҳои ҷаҳонӣ – эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, асосҳои демократии давлат, қонун ва адолат асос ёфтааст»-гуфт Баҳром Исмоилзода.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news