-2.2 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

«МИЛЛАТИ МУТТАҲИДУ САРҶАМЪ БА РАФЪИ ҲАМА ГУНА МУШКИЛОТ ҚОДИР АСТ». Дар ин бора Президенти Тоҷикистон изҳори эътимоди комил намуданд

Вазъи кунунии ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ҳатто як лаҳза ҳам аз масъалаи ҳифзи соҳибихтиёрӣ, таъмини амнияти давлату миллат, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ғофил набошем. Дар ин бора Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси ботантана, ки имрӯз дар Қасри «Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардид,таъкид намуданд.

Дар робита ба ин Сарвари давлат бори дигар шаҳрвандони кишварро даъват намуданд,ки бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худ дар назди халқу Ватан минбаъд низ дар рушду тараққиёти бомароми давлати соҳибистиқлоламон ва раванди созандагии сарзамини муқаддасу биҳиштосоямон боз ҳам бештар ҳиссагузор бошад.

Бино ба суханони Пешвои миллат, мо то имрӯз бисёр мушкилоти ҷомеа ва давлатамон, аз ҷумла бемории хатарноки КОВИД – 19-ро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва бо кумаку дастгирии ҳамдигар аз сар гузаронидем.

«Бо эътимоди комил изҳор медорам, ки мо ба ҳалли дигар мушкилоту масъалаҳои ҳаётамон ҳатман ноил мегардем, зеро миллати муттаҳиду сарҷамъ ба рафъи ҳама гуна мушкилот қодир аст», — изҳор доштанд Эмомалӣ Раҳмон.

Дар робита ба ин Сарвари давлат таъкид намуданд, ки мо бояд ба таълиму тарбияи фарзандонамон, яъне соҳибони ояндаи давлат ва миллат эътибори аввалиндараҷа диҳем, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, заҳматдӯстӣ, эҳтироми падару модар, калонсолон ва одобу ахлоқи ҳамидаи миллӣ тарбия кунем.

«Мо барои таъмин намудани ободии ояндаи Ватанамон бояд истеъдодҳои ҷавонро дастгирӣ намоем ва аз байни онҳо олимону донишмандон, муҳандисону меъморон, табибону омӯзгорон, ихтироъкорону навоварон, лоиҳакашону бинокорон ва дигар кадрҳоеро тарбия кунем, ки фардои дурахшону осудаи давлату миллатро таъмин карда тавонанд», — гуфтанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news