-2.2 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Тоҷикистон ва Туркманистон аз раванди рушду тавсеаи ҳамкории ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд

10 ноябр дар Ашқобод муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоти дӯстона ҷонибҳо аз раванди рушду тавсеаи ҳамкории ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, зарурати кӯшишҳои тарафайнро ҷиҳати ғанӣ гардонидани мӯҳтавои онҳо бо назардошти чорабиниҳои муштараки сатҳи олӣ таъкид сохтанд.

Тавре қаблан хабар дода будем, 28 октябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо Вазири фарҳанги Туркманистон Атагелдӣ Шамурадов мулоқот намуд. Дар мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистонро дар соҳаи фарҳангу санъат мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз ҷумла, онҳо роҷеъ ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ва таҳкими минбаъдаи робитаҳои фарҳангӣ изҳори назар намуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангӣ-гуманитарӣ мубодилаи гурӯҳҳои эҷодӣ, иштироки мутақобил дар фестивалҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳо ба анъанаи нек табдил ёфтааст.

Бо ташаббуси Сарони ду давлат Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, ки дар густариши муносибатҳои дӯстӣ миёни мардумони ду кишвар ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистон ва Туркманистон саҳми назаррас мегузоранд. Чунончи, моҳи июли соли 2017 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва моҳи октябри 2018 Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.

Манбаъ: ВКХ ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news