-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Соҳибкорони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии «India Stonemart-2022» иштирок намуданд

 10 ноябр дар шаҳри Ҷайпури Ҷумҳурии Ҳиндустон Намоишгоҳи байналмилалии саноати санг «India Stonemart-2022»  бо ташаббуси Маркази рушди сангҳо (CDOS) дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди давлатии рушди саноат ва сармоягузории иёлоти Раҷастон (RIICO) ва Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Ҳиндустон расман ифтитоҳ гардид.

Бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон корхонаҳои истеҳсолӣ, соҳибкорони инфиродӣ, аъзои  Палатаи савдо ва саноат, ҶДММ «Хорои Хуҷанд», ҶДММ «Санги Сомон» ва ҶДММ «Са-рэй», ки дар самти коркарди сангҳои ороишӣ фаъолият мебаранд, дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ иштирок намуданд. Онҳо  бо ширкатҳои ҷумҳуриҳои Хиндустон ва дигар иштиркчиёни намоишгоҳ вохӯриҳо гузаронида, дар форуму сенминарҳо иштирок менамоянд.

Иштирок дар ин намоишгоҳ ба соҳибкорони ватанӣ имконият медиҳад, ки таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро омӯзанд,  шарикони ҳамкор дарёфт намоянд ва барои ташкили корхонаҳои муштарак шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, содироти маҳсулотро ба хориҷа ба роҳ монанд.

Намоишгоҳи  байналмилалии «India Stonemart-2022» дар шаҳри Ҷайпур то 13 ноябр идома меёбад.

Манбаъ: ПСС ҶТ /АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news