-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Тоҷикистон яке аз пешсафони рейтинги ҷаҳонии фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ гардид

Тоҷикистон дар радифи 10 кишвари ҷаҳон барои ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба нашрияи «Finance Inquirer», ки натиҷаи таҳқиқоти байналмилалии RGCA (Гурӯҳи тадқиқотии Осиёи Марказӣ), маълумоти ЮНИСЕФ, Бонки ҷаҳонӣ ва OECD (Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва рушд) рейтинги динамикаи ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабиро нашр кардааст, хабар медиҳад.

Дар радифи 10 кишвари ҷаҳон Узбекистон бо 59 фоизи ҷалби кӯдакон дар ҷои аввал, Тоҷикистон бо 33 фоизи ҷалби кӯдакон дар ҷои дуюм ва Беларус бо 7 фоиз дар ҷойи сеюм қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин ҳисобот тамоюлҳои дарозмуддати таҳсилоти ибтидоии кӯдакон дар солҳои 2018-2020 шарҳу тафсир шудаанд. Тибқи  маълумоте, ки дар ин ҳисобот оварда шудааст, вазъи таълиму тарбияи томактабӣ дар аксари минтақаҳо ё рӯ ба рукуд овардааст ё ба минтақаи рушди манфӣ гузаштааст. Ин дар ҳоле мебошад, ки якчанд кишварҳо дар ҳолати рушди назаррас қарор доранд. Ба шумори чунин кишварҳо Россия, ИМА, Британияи Кабир, Австралия, Зеландияи Нав ва амсоли он дохил мешаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон  барои фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, таъмини шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ талош меварзад. Далели он таҳия ва тасдиқи «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» мебошад, ки дар доираи  он дар ду марҳила: солҳои 2022-2024 ва 2025-2027 дар маҷмӯъ 134 муассисаи томактабии хусусӣ ва 114 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ дар миқёси ҷумҳурӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи мазкур шароит фароҳам меорад, ки дар ду марҳила: солҳои 2022-2024 ва 2025-2027 мутобиқи нақша муассисаҳои таълимии томактабии хусусӣ ва миёнаи умумии хусусӣ таъсис шуда, рақобатпазирӣ дар гирифтани таҳсили босифати томактабию умумии хусусӣ таъмин гардад.

Тибқи барномаи мазкур, заминаи  моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ беҳтар гардонида шуда, шартҳои ташкили  муассисаҳои таълимии хусусӣ бо ҷалби соҳибкорон ба соҳаи маориф мукаммал мегардад. Инчунин дастгирии давлатӣ тақвият ёфта, механизмҳои ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ такмил меёбанд.

«Яъне, тибқи нақшаи барномаи мазкур бояд соҳибкорон  аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастгирӣ ёбанд, то онҳо имконият пайдо намоянд, ки муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ таъсис диҳанд», — иттилоъ доданд дар Вазорати маориф.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло дар ҷумҳурӣ 718 муассисаи томактабӣ (Суғд-285, Хатлон-165, Душанбе-157, НТҶ-85 ва ВМКБ-26) фаъолият менамоянд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (696) 22 муассиса бештар мебошад.

Дар баробари ин, дар ҷумҳурӣ 1810 маркази инкишофи кӯдак (Душанбе-17, НТҶ-277, ВМКБ-284, Суғд-382, Хатлон-850) фаъолият менамоянд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 (1764) 46 адад зиёд мебошад. Дар миқёси ҷумҳурӣ 70 маркази хусусии инкишофи кӯдак ҳамчун шакли дигари фарогирии кӯдакони синни томактабӣ бо ҷалби 1562 кӯдак амал мекунад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»/Finance Inquirer

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news