5.8 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии қитъаи роҳи «Ромит-Пакрут» шинос шуданд

10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат ба деҳоти Ромит ташриф оварда, бо ҷараёни навсозии роҳҳои маҳаллӣ шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки роҳҳои деҳоти Ромит аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пакрут” шурӯъ аз соли 2019 инҷониб ҳамасола таъмиру таҷдид карда мешаванд.

То имрӯз аз ҷониби корхона беш аз 10 километр роҳҳои маҳаллии деҳоти Ромит мумфарш ва навсозӣ карда шудаанд.

Аснои шиносоӣ бо қитъаҳои роҳи таъмиру навсозишуда ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки соли 2019 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани рафту омади аҳолӣ ва воситаҳои нақлиёт 1 километр роҳи деҳаи Хушон бо маблағи 350 ҳазор сомонӣ мумфарш карда шуд.

Ҳамин тавр солҳои минбаъда ин раванд идома ёфта, соли 2021 боз 3 километр роҳи мавзеи мамнуъгоҳи “Ромит-деҳаи Хушон” бо сарфи 1 миллиону 784 ҳазор сомонӣ таъмиру навсозӣ карда шуд.

Соли равон низ тибқи нақша беш аз 6 километр роҳ мумфарш гардид. Дар маҷмӯъ, давоми ин солҳо беш аз 10 километр роҳи деҳоти Ромит, ки  то Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пакрут” тул кашидааст, навсозӣ гардид.

Сарвари давлат бо қаноатмандӣ аз иқдоми мазкур масъулинро ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани навсозии ин қитъаи роҳ ҳидоят намуданд.

Бо назардошти он ки баъзе аз қитъаҳои роҳи мазкур аз соҳили дарё мегузарад, барои пешгирии баландшавии эҳтимолии об ва шусташавии роҳ тадбирҳои соҳилбандӣ анҷом дода мешаванд.

Таъмиру навсозии роҳи мазкур агар аз як ҷониб боиси беҳтар шудани рафту омад ва интиқоли молу маҳсулот гардад, аз ҷониби дигар боиси ҷалби бештари сайёҳон ба ин минтақаи хушобуҳавои Тоҷикистони биҳиштосо хоҳад шуд.

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news