-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-ро ба истифода супориданд

10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-ро ба истифода супориданд.

Бинои нави таълимӣ аз 3 ошёна иборат буда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, собиқ хатмкардаи ин муассиса Евгений Мулоқандов сохта шудааст.

Дар муассисаи тозабунёд 720 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Даргоҳи нави маърифат дорои 13 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла технологияи иттилоотӣ, таълими меҳнат, ҳуҷраи омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон буда, бо дастгоҳу аёнияти таълимӣ маҷаҳҳаз аст.

Бо ифтитоҳи бинои нави таълимӣ шумораи синфхонаҳои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 дар шаҳри Ваҳдат ба 55 адад расид ва мушкили норасоии ҷойи нишасти хонандагон ҳалли худро пайдо намуд.

Иншоот дар масоҳати 1500 метри мураббаъ аз рӯи лоиҳаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Архиком” бо ҷалби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шарора” дар муҳлати муайянгардида бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир сохта шудааст.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 150 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Раванди омӯзиш дар муассисаи таълимӣ бо забонҳои тоҷикиву русӣ ба роҳ монда шуда, дар бинои нави он 26 нафар ва дар маҷмӯъ дар мактаб 80 омӯзгори ботаҷриба ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити муосири таълиму тарбияи хонандагон дар даргоҳи нави маърифат бо лоиҳаи иншооти нави ёрирасони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 дар шаҳри Ваҳдат шинос гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки соҳибкори ватанӣ иқдом гирифтааст дар назди ин муасссаи таълимӣ барои хонандагон китобхона, ошхона, майдончаи варзишӣ ва қасри варзишӣ сохта, ба истифода диҳад.

Дар асоси лоиҳа китобхонаю ошхонаи муассисаи таълимӣ дар масоҳати 400 метри мураббаъ- ҳар кадоме бо 200 ҷойи нишаст сохта мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти нави бунёдшаванда ба соҳибкори ватанӣ барои ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи илму маорифи мамлакат бо мақсади фароҳам овардани шароити замонавии таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон изҳори сипос намуданд.

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news