-10.6 C
Tajikistan
Monday, December 5, 2022

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми корхонаи парандапарварии ҶДММ «Баҳори пурфайз»-ро ифтитоҳ ва аз намоиши дастовардҳои сокинони шаҳри Ваҳдат боздид намуданд

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми корхонаи парандапарварии ҶДММ “Баҳори пурфайз”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба хотири рушди соҳаи парандапарварӣ дар мамлакат ва таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти аълосифати ватанӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шудаанд. Бо истифода аз чунин имтиёзҳо Корхонаи парандапарварии “Баҳори пурфайз”-ро соҳибкори маҳаллӣ Эргаш Отаҷонов бунёд намуд, ки дар он 30 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Ҷамъият ба истеҳсоли гӯшти паранда машғул буда, имкон дорад, ки дар як сол то 1 ҳазору 600 тонна гӯшти парҳезии мурғро ба бозорҳои мамлакат ба фурӯш барорад. Дар як марҳилаи парвариши паранда, ки то 45 рӯзро дар бар мегирад, дар корхонаи нав 120 ҳазор сар мурғ нигоҳубин карда мешавад ва ҳамин гуна дар як сол то 600 ҳазор сар паранда парвариш шуда, барои истеҳсоли гӯшти аълосифат омода мегардад.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки корхонаи парандапарварӣ дар асоси технологияи туркӣ фаъолият намуда, тақсими дону об ба парандаҳо ба таври автоматӣ ҷараён мегирад. Ҳамчунин ҳарорати дохили фермаро дастгоҳҳои муосири соҳавӣ назорат намуда, мутобиқи талаботи соҳавӣ ҳавои дохил ба таври автоматӣ иваз карда мешавад. Вижагии дигари корхонаи навбунёд дар он аст, ки гармии дохили фермаҳои парандапарварӣ дар сардиҳои зимистон тариқи гармии системаи ба воситаи дегхонаи алоҳида фаъолияткунанда, таъмин мегардад.

Бояд гуфт, ки ҶДММ “Баҳори пурфайз” дар масоҳати 7,5 гектар замин бунёд гардида, аз 9 бинои якошёна ва 2 бинои дуошёна иборат аст. Сохтмони фермаи дуошёнаи парандапарварӣ дар минтақа беназир буда, имконият медиҳад, ки саршумораи паранда барои нигоҳубин ва истеҳсоли гӯшт зиёд карда шавад. Танҳо дар як бинои дуошёна ҳоло ҷамъият то 40 ҳазор сар чӯҷаро нигоҳубин менамояд ва барои дуруст калон шудану вазнгирии онҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

“Баҳори пурфайз” нигоҳубин ва парвариши мурғи навъи “Бройлер”-ро роҳандозӣ намуда, тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа, ин намуди паранда барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ мутобиқу муносиб аст. Он то 2,5 килограмм вазн гирифта, таъму лаззати хосса дорад.

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона барои таъмини эҳтиёҷоти дохилӣ ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад.

Дар оянда ҳам истеҳсоли гӯшти парҳезии паранда дар ҷамъият афзоиш дода мешавад ва ҳам шумораи ҷойҳои нави корӣ бештар мегардад, зеро дар марҳилаи дуюм дар ҳудуди корхона бунёди боз 1 бинои дуошёна ва 1 бинои якошёнаи парандапарварӣ дар назар дошта шудааст, ки дар ин ду бино боз  парвариши 60 ҳазор сар мурғ роҳандозӣ мегардад. Ба ин васила боз қариб 10 нафар ба кори доимӣ ҷалб хоҳанд шуд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи навбунёд Сарвари давлат иқдоми соҳибкори ватандӯстро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, барои боз ҳам афзун кардани саршумор ва тақвияти иқтидори истеҳсолӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Дар саҳни корхонаи навбунёд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхонаи мазкур ва кишоварзони шаҳри Ваҳдат дидан намуданд.

Дар ин намоиш намудҳои гуногуни маҳсулоти ниҳоии паранда, ки бо шаклу намудҳои бозоргир бастабандӣ гардидааст, пешниҳод карда шуд.

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news