-13.1 C
Tajikistan
Thursday, December 8, 2022

ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ — ОҒОЗБАХШИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Эъто ба ин рӯйдоди бузург дар сарнавишти миллати тоҷик

16 ноябр дар Тоҷикистон 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Бахшида ба ин сана мақолаи мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин ПАЙШАНБЕЗОДА манзури хонандагон гардонида мешавад.

Санаҳои таърихие мавҷуданд, ки бо гузашти айём арзиши онҳо аҳамияти бештар пайдо намуда, дар таърихи ин ё он миллату давлат бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд. Дар як давраи ҳассоси тақдирсози ҷумҳурӣ, ки масъалаи боқӣ мондани Тоҷикистони азиз чун мамлакат дар харитаи сиёсии ҷаҳон дар байн буд, яъне дар давраи ибтидои соҳибистиқлол гаштани ҷумҳуриамон баргузор шудани Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили чунин рӯйдоди бузурге дар сарнавишти миллати тоҷик мебошад.

Мо дар арафаи таҷлили ин санаи муҳим- 30 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар радифи омодагиҳо ба он мехостем чанд андешаи худро баён созем ва ин матлаб гузориши тақвимӣ набуда, инъикоси воқеоти бебаҳсест, ки моли таърих гаштааст.

Андешаҳои мазкур сӣ сол боз дар фазои тафаккури ман мечарханд ва маро ба меҳнату заҳмат, муҳаббат ба Ватан, садоқат ба идеяи миллии Тоҷикистони ягона ва пешрафт, эҳтиром ба амалҳои наҷотбахшу созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамоӣ менамоянд. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ пешорӯи миллати тоҷик барои чун давлат боқӣ мондан ду роҳ — яке ҳастии ҷовидонӣ ва дигаре нестии абадӣ  меистоданд. Фақат қисмату тақдир бори дигар имкони идомаи бақои давлатро ба дасти марди сарсупурдаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дод.

Аз он лаҳзаҳо, яъне ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани ин марди сарсупурда гардиши куллии тақдири тоҷикон оғоз шуд. Ҳоло ҳам мардум он рӯзҳоро шоҳид ҳастанд, ки дар тӯли ду ҳафтаи оғози фаъолият аллакай авзои сиёсӣ ва низомии кишварро аз ҳолати талафот нигоҳ дошт. Дар нахустин муроҷиати расмӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи чаҳониро ҳушдор дод, ки ҳеҷ қувва, ягон инқилоби маъмурӣ наметавонад Озодӣ ва Истиқлолияти Тоҷикистонро халалдор кунад.

Дар бораи ин санаи таърихӣ хеле зиёд навиштаанд, вале такроран таъкид менамоем, ки кушодани саҳафоти он даврон ва шарҳу тавзеҳи он ба хотири наслҳои оянда зарур аст, зеро бо гузашти солҳо авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳон тақозо мекунад, ки тарғиби таҷрибаи ҳосилнамудаи давлат эҳёкунӣ ва сулҳофарии Пешвои миллат бароямон зарур аст.

Бешак, бузургтарин хизмати таърихии иҷлосия интихоби муваффақи Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон буд, зеро таърих мақоми шахсият ва нақши калидии ӯро дар пешрафти давлат аллакай исбот кардааст. Таърих гувоҳ аст, ки маҳз шахсиятҳо дар пешрафти ҳар миллат саҳм мегузоранд. Иҷлосия оғози нестии ҷанг буд. Муваффақияти баъдинаи ин анҷумани таърихӣ бо кору пайкори ӯ вобастагии ногусастанӣ доранд. Ногуфта намонад, ки Эмомалӣ Раҳмонро то интихоб ба ин маснади воло вакилон дар Парлумон аллакай ба ҳайси шахсияти варзида шинохта буданд. Чанд омиле боиси соҳибэҳтиром гардидани он кас дар байни вакилон шуданд. Қабл аз ҳама, мавқеи устувори ӯ ба ҳайси вакили мардумӣ буд ва ӯ дар муҳокимаи тамоми масъалаҳо мавқеи муайян ва устувори худро дошт. Омили дигаре, ки ӯро соҳиби эҳтиром намуд, ин ҷасорати хосаш буд.

Моҳияти дигари байналмилалии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки дар Тоҷикистон пойдор шудани Ҳукумати мутамаркази қавӣ барои тамоми ифротгароён зарбаи ҷиддӣ буд. Андеша доштанд, ки майдонро холӣ дарёфта, тохтутоз хоҳанд кард. Лек, тирашон хок хӯрд. Тоҷикистон ҷумҳурии мустақил гардида, бо мамлакатҳои пасошӯравӣ ва олам ба ҳамкорӣ оғоз намуд. Набояд фаромӯш кард, ки ҳамкорӣ низ барои неруҳои ҷудохоҳ хатари ҷиддӣ пеш овард.

Роҳбари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи сеюми сарварӣ ба мардуми азизи Тоҷикистон ваъда доданд, ки ба мардум сулҳ ва озодӣ меоранд. Ва на танҳо ба ин қавлашон содиқ монданд, балки то охирон гурезаро ба ҷумҳурӣ барнагардонданд, ҷон ба каф гирифта, баҳри сулҳи тоҷикон ва пойдории он ҷонбозиҳо намуданд.

Хислатҳои волои инсонӣ, аз қабили якқавлӣ, соҳибхирадӣ ӯро соҳиби эҳтироми мардуми Тоҷикистон гардонид. Мавқеи худро оид ба истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон, новобаста ба ҳама мушкилот дигар накарданд ва ҷасорати ирсияшон оштиву сулҳро имконпазир гардонид. Ба далели ин гуфтаҳо ёдовар шудан аз мулоқоти Хусдеҳи Афғонистон кифоя аст. Маҳз ҷасорати Пешвои миллат буд, ки ба хотири таъмини сулҳ ва ояндаи миллат ба ин мавзеъ парвоз карданд. Он замон ҳатто ҷониби Афғонистон низ амнияти Сарвари давлатро кафолат намедод. Ин сафари таърихӣ иқдоми нахустин ва ҷасуронаи Пешвои млллат дар роҳи истиқрори сулҳ буд.

Оид ба фаъолияти Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон баъди интихоб шудан ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ ва хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳ, ислоҳоти конститутсионӣ ва поягузории иқтисоди миллӣ маводу таълифоти зиёде дар даст дорем, вале оид ба ташаккули ин шахсияти тавоно ва фаъолияти ӯ то ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон расидан кам навиштаем.

Сарвари давлатамон то расидан ба ин мансаби воло дар зинаҳои гуногуни роҳбарикунанда фаъолият карда, чун сиёсатмадори ҷавону ҷасур ташаккул ёфта буданд. Он кас дорои тафаккури нав буда, даврони гузаришро бо масъулияти баланд дарк мекарданд. Аз роҳбари мардумӣ будани ӯ дарки мушкилоти мардум ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардуми оддӣ дарак медод. Маҳз ҳамин одат ӯро маҳбуби халқ гардонид ва дар нахустин интихоботи пасошӯравӣ аз байни чандин нафар пирӯз гардида, вакили халқ интихоб шуданд.

Ӯро вакилон ба ҳайси сиёсатмадори ҷавон аллакай шинохта буданд. Чанд омиле боис шуд, ки ӯ дар байни вакилон маҳбубияти хосса пайдо кунад. Қабл аз ҳама, мавқеи хосашон. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакил дар муҳокимаи ҳар масъалаи баррасишаванда мавқеи худро дошта, онро дигар намекарданду асос пеш меоварданд. Таъмини зиндагии шоистаи мардум шиорашон буд, зеро худ аз байни ҳамин мардуми оддӣ баромада, дар меҳвари суханрониҳояшон таъмини сулҳу субот дар ҷомеа қарор дошт. Омили дигари соҳибэҳтиром гардиданашон- ин ҷасорат ва фидокорияшон аст. Он кас ҷасурона сухан мегуфтанд ва ҷасурона амал мекарданд. Баъди интихоб гардидан низ дар фаъолияти Пешвои миллат ҳамин ду омил нақши бориз доштанд ва ӯро маҳбуби халқ гардониданд.

Маҳз ҷасорати ин марди фидокор буд, ки соли 1993 бори аввал ба шаҳри Хоруғ, ки маркази гурезаҳои иҷборӣ ва силоҳбадастон аз баъзе манотиқи кишвар буд, сафар карданд. Ҳангоми мулоқот бо фаъолон ба толор гурӯҳи ҷавонони мухолиф бо автомату пулемёт даромаданд, вале Пешвои миллат ором буданд ва бо забони нарм нияти некашонро баён карданд. Ягон зарра тарс надоштанд ва ҷасурона оид ба мавқеи Ҳукумати нав сухан гуфтанд. Яке аз лидерони мухолифин гуфт, ки ман ҳукумати Шуморо эътироф намекунам. Сарвари давлат ба табассум гуфтанд, ки «ҳатто дар оила низ на ҳамаи фарзандон ба волидон итоат мекунанд. Ин амри табиист». Толорбудагон бори аввал қарсак заданд ва ин кафкубӣ муждаи ваҳдат буд. Пас аз маҷлис Сарвари давлат дар берун, ки се қабат ҷангиёни мухолифин камин гирифта буданд, бо мардуми қаторӣ суҳбати самимӣ ороста, озодона аз собиқ майдони Ленин, ҳоло Майдони Исмоили Сомонӣ бо ҳайат таҳти иҳотаи мардум ба қисми низомии марзбонони шаҳри Хоруғ раҳсипор шуданд. Мардуми одӣ ӯро ба ҳайси наҷотбахш шинохтанд.

Ҳамин сафари таърихии Пешвои миллат овозаҳои беасосро аз байн рабуд, зеро Бадахшон он давра дар бунбасти иттилоотӣ қарор дошт. Мардуми одии кӯҳистон нияти неки Сарвари давлатро дарк карданд. Ҳамин ҷасорат ҳамеша боиси пешрафт мешуд. Ташкили Артиши миллӣ, асъори миллӣ, роҳандозии ислоҳоти замин, қабули Конститутсияи нахустини даврони истиқлолият натиҷаи заҳмату сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Ёдовар шуданием, ки дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ моро бо оғози ҷанги бародаркушӣ, ки аслан бо дасти бегонагон роҳандозӣ шуда буд, айбдор мекарданд. Сарчашмаҳои асотириву динӣ гувоҳи онанд, ки ойини бародаркушӣ дар бани башарият аз рӯзи офариниш вуҷуд дошт ва мо онро эҷод накардаем. Таърих гувоҳ аст, зери васвасаи шайтону қувваҳои сиёҳ дар ҳар давр бародар ханҷар бар ҷигари бародару падар нештар бар синаи писар мезад. Қиссаи Қобилу Ҳобил, фарзандони Фаридуншоҳ, Рустаму Сӯҳроб ва ғайраҳо намунае аз ин кирдори нангин мебошанд. Миллати инсонпарвари тоҷик ҳамеша ин ривоёти талхро маҳкум мекард. Чӣ тавре ки Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои хеш изҳор доштанд, «тоҷикон, ки аз аҳди бостон то имрӯз ҳамчун миллати сулҳхоҳу адолатпарвар маъруфанд, ҳеҷ гоҳ ҷангу низоъ ва муқовиматҳоеро, ки боиси бехонумон мондани мардуми осоишта ва нобуд шудани тамаддуни қадимаи халқу миллатҳо мегарданд, ҷонибдорӣ намекунанд, баръакс, чунин амалҳои нанговару харобиоварро ҳамеша маҳкум менамуданд. Яъне ин ҳодисаи нангин собиқаи тӯлонӣ дорад ва мутаассифона дар охири садаи 20 миллати мо низ бо дахолати бегонагон дучори ин бадбахтӣ гардид».

Нобиғае, ки бо дарки сабақҳои талхи таърих ба ин зиштиҳо анҷом бахшид, Эмомалӣ Раҳмон аст. Хушбахтона, тақдир барои миллати мо фарзанди фарзонаеро чун Эмомалӣ Раҳмон ато кард, ки ин фоҷиаро дар умқи дили худ дарк кард ва дар роҳи қатъи ин рӯйдоди номатлуб ҷон ба каф гузошт ва миллатро умри дубора бахшид. Аз ин лиҳоз бузургтарин натиҷаи ин анҷумани таърихӣ бори дигар таъкид месозем, ки ба майдони сиёсат овардани Эмомалӣ Раҳмон буд.

Моро имрӯз касе аз ҳаққи шодмонию шукргузорӣ ва роҳи ояндасозӣ боздошта наметавонад. Имрӯз таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳон, ки башарият дар 500 соли охир надидааст, инсониятро ба кунҷи сарбаста ворид намудаанд. Буҳрони ҳарбӣ, эпидемиологӣ ва дар авҷи нави он хушксолӣ дар қитъаҳои Аврупо ва Африқо мушкилотро болои мушкилот зам намудаанд.

Бадтар он аст, ки дар пайи кӯшиши тақсими нави бозори ҷаҳонӣ ва талоши пайдо намудани афзалият дар набарди геополитикӣ даргириҳои мусаллаҳона идома доранд. Чунин омилҳо барои дунёи ҷиноӣ, терроризм, эктремизми фаромилӣ шароити мусоид фароҳам овардаанд. Ин ҳама тамоюл ва омилҳо хабари нав нестанд. Ҳанӯз соли 2011 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин хавфу хатарҳоро ба далелҳои мӯътамад ба аҳли башар ҳушдор дода буданд. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сиёсатмадори бузург тавонистанд офати ифротгароиро бо ҷасорати ирсии хеш дар мамлакат пешгирӣ намоянд.

Дар ҳамин маврид мехостем суханони яке аз генералҳои мустаъфии Афғонистон Бозмуҳаммади Куфиро, ки дар остонаи 20-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои олӣ навишта буд, ёдовар шавем: «Яке аз муҳимтарин аҳаммияти ин Иҷлосия дар он буд, ки Ҳукумати ба тозагӣ интихобшуда бо сарварии Пешвои миллати 40 миллионнафараи тоҷикони дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷиконро ба имзо расонид, ҳамаи гурезаҳои иҷбориро ба Ватан баргардонид ва батадриҷ вайронаҳои Ватанро обод карда, ба боғу бӯстони зебо табдил дод. Аз ин рӯ шукр бояд кард, ки ин иҷлосия доир шуд».

Бо мурури замон ҳарчанд фосила байни санаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имрӯз бештар шавад ҳам, ҳамон қадар қимату арзиши иҷлосия болотар мегардад. Шояд дар мавриди Иҷлосия ногуфтаниҳои зиёде, асрори нуҳуфтае маҳфуз аст. Вақт ва фурсати таҳияи «Энсиклопедияи Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ ба андешаи мо фаро расидааст. Аз кӯдакистон то макотиби олӣ насли ҷавони мо бояд аз ин саҳифаи таърихи навинамон дарс ва сабақ омӯзад.

Пешвои миллат бо сулҳ, об ва рӯшноӣ умри ҷовидонӣ пайдо карда, обу рӯшноиро на танҳо барои кишвари мо, балки ба оламиён чун армуғони тоҷикон таҳия намуданд. Иқдоми байналмиллалии ӯ вобаста ба таъмини мардуми сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ, суханрониҳояшон аз минбарҳои баландтарини олам оид ба ҳифзи иқлими сайёра, ба падидаҳои номатлуби олам, аз қабили терроризм, экстремизм муборизаи беамон эълон намудан ба ҳамагон маълуманд.

Мутаассифона, имкони зикри ҳамаи қаҳрамонии бемисли Пешвои муаззами миллатро дар як навишта надорем. Дар ҳамаи ин дастовардҳо Пешвои миллат ба омма чун қувваи ягона такя менамоянд. Зербинои муҳаббат ва маҳбубияти Пешвои миллат байни мардум ҳам ҳамин нукта аст, ки ӯ баробар бо омма ба хирад такя менамояд. Ин мувозинат асрори пешравии ҷомеаи мост, ки ҷумҳуриро аз нестии фоҷиабор то ҳастии ояндасоз роҳнамоӣ намуд.

Муҳиддин ПАЙШАНБЕЗОДА,
мушовири бахши Ёрдамчии Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои
рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....