-13.3 C
Tajikistan
Tuesday, March 21, 2023

Завқӣ Завқизода ва Доминик Фавре татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд

 Дирӯз, 8 ноябр вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Доминик Фавре оид ба кишварҳои Тоҷикистон, Швейтсария, Лаҳистон, Сербия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон баргузор гардид, ки дар он Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 баррасӣ гардид.

Зимни вохӯрӣ З. Завқизода Доминик Фавреро ба муносибати ба вазифаи Директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ таъйин шуданаш табрик карда, ба ӯ муваффақият орзу намуд.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгириҳои Бонки ҷаҳониро ҳамчун шарики рушди боэътимод барои инкишофи соҳаҳои иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ менамояд.

Дар вохӯрӣ З. Завқизода оид ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар, иҷрои Ҳадафҳои Рушди Устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти таъсири пайомадҳои манфии буҳронҳои глобалию энергетикии имрӯза ва тағйирёбии иқлим маълумот дод.

Вазир ҳамчунин аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дархост намуд, ки барои бамаротиб зиёд намудани маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллии Тоҷикистон, нақшаи зиддибуҳронии Ҳукумати ҷумҳурӣ, татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун», татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва моделсозию дурнамосозии макроиқтисодӣ мусоидат намояд, ки хуш пазируфта шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи масъалаҳои зикршуда баён намуданд.

Манбаъ: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ/АМИТ «Ховар»

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурии Нозироти андози ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии...

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси...

Брифинги намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО оид ба конфронси оби СММ доир гардид

 Дар қароргоҳи ЮНЕСКО — ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, воқеъ дар Париж дар доираи вохӯрии...

Related news